Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ додааст, ки вазири рушди иқтисоди ин кишвар Алексей Улюкаев бо айби гирифтани пора ва таҳдид ба намояндагони "Роснефт" боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Светлана Петренко, сухангӯи кумита гуфтааст, маълумоти мазкур дар натиҷаи гӯш кардани суҳбатҳои телефонии Улюкаев ба даст омада, ин навор шомили маводи парвандаи ҷиноӣ шудааст. Таҳдид дақиқан аз чи иборат буд, Петренко шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, хабари боздошти Алексей Улюкаев шаби 14 ба 15 ноябр нашр шуд. Бино ба фарзияи муфаттишон, вазири рушди иқтисоди Русия барои додани "баҳои мусбат", ки "Роснефт" бар пояи он метавонист моҳи октябри имсол ширкати "Башнефт"-ро соҳиб шавад, ду миллион доллар гирифтааст.

Хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба манбаи худ гуфтааст, ки пулҳоро ба Улюкаев зимни як "озмоиши тафтишотӣ" додаанд.