Боздоштшуда ба гумони содир кардани амали террористӣ дар клуби шабонаи Reina дар Истанбул Абдулқодир Машарипов ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора губернатори шаҳри Истанбул Васип Шоҳин хабар додааст.

Хабаргузории Медуза дар ин робита менависад, Машарипов нақл кардааст, ки амали террористиро аз номи «Давлати исломӣ» содир кардааст. Ба гуфтаи Шоҳин, ӯ дар Афғонистон омодагӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳамроҳ бо Машарипов рӯзи 16 январ боз як ироқӣ ва се зани дигар низ боздошт шудаанд, ки доир ба шахсияти онҳо алҳол ҳеҷ маълумоте дастрас нест. ВАО-и Туркия қаблан иттилоъ дода буданд, ки ҳамроҳ бо Машарипов писараш боздошт шудааст.

Губернатори шаҳри Истанбул Машариповро террористи касбӣ номидааст, ки чор забонро медонистааст. Дар манзили Машарипов 197 ҳазор доллар дарёфт шудааст.

Ҳамчунин пештар иттилоъ дода шуда буд, ки Машарипов соли 1983 дар Ӯзбекистон ба дунё омадааст.

Амали террористӣдар  клуби шабонаи Reina дар Истамбул рӯзи 1 январи соли 2016 ба вуқуъ пайваста, бар асари он 39 нафар кушта ва боз 65 тан захмӣ шуданд. Масъулияти ин амалро «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт.