Ноиб-президенти ИМА Майкл Пенс, ки дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, 17 апрел аз минтақаи наздимарзии Куриёи Ҷанубӣ бо Куриёи Шимолӣ дидан кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Майкл Пенс дар ин сафар гуфтааст, ҳукумати нави ИМА сиёсати "сабри стратегӣ"-ро нисбати Куриёи Шимолӣ идома нахоҳад дод. Сиёсати "сабри стратегӣ" дар замони президентии Барак Обама дар ИМА ҷорӣ буд.

Бо ишора ба масъалаи мушакҳои ядроии Куриёи Шимолӣ вай гуфт, "давраи сабри стратегӣ ба охир расид".

Падари Пенс солҳои 50-уми асри гузашта дар ҷанги Куриё ширкат дошт. Ба ин хотир Пенс гуфт, масъулияти Вашингтон назди Куриёи Ҷанубӣ, ҳамчун шарики низомии ИМА, "халалнопазир" аст. Вай афзуд, Амрико ҷонибдор аст, ки дар нимҷазира Куриё сулҳ барқарор бошад. Аммо Амрико "ҳамеша бо истифода аз нерӯ ба сулҳ даст ёфтааст", гуфт Пенс. Вай дар идома афзуд, ҳоло ИМА талош дорад, ки амниятро дар нимҷазираи Куриё "бо роҳи гуфтугӯ ва музокирот" ҳал кунад.

"Сарфи назар аз ин, ҳамаи роҳҳо баррасӣ мешаванд", - илова кард Пенс. Ба гуфтаи вай, "Амрико дар амри озод кардани нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ ва шукуфоии бардавому озодии одамон дар канори мардуми Куриёи Ҷанубӣ аст".

Ҳафтаҳои охир вазъи нимзараи Куриё якбора бад шуд. Куриёи Шимолӣ бахшида ба 105-солагии Ким Ир Сен мушакҳои дорои кулоҳаки ҳастаӣ партоб кард. ИМА дар навбати худ низомиёнашро ба наздикии нимҷазира фиристод ва аз машқҳои муштарак бо Куриёи Ҷанубӣ хабар дод.