Пеш аз нишасти “бистгонаи бузург” дар шаҳри Гамбурги Олмон, таҳти унвони «Welcome to Hell» (Хуш омадед ба Ҷаҳаннам) тазоҳурот доир гардид. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад.
Шаби панҷшанбе ба ҷумъа шаҳри Гамбург ба майдони муқовимат байни гурӯҳҳои тундгарои зиддиглобалӣ ва кормандони пулис табдил ёфт. Тазоҳургарон автомашинаҳоро оташ зада, тирезаи дӯкону мағозаҳоро шикастанд ва ба сӯи кормандони пулис маводи пиротехникӣ партофтанд, ки дар натиҷа беш аз 70 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ осеб диданд.
Қобили зикр аст, ки нишасти 12-уми сарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” - G-20 рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Гамбурги Олмон баргузор мешавад.