Дар доираи густариши ҳамкориҳо бо Кобул дар самти муборза бо терроризм Чин ба сохтмони аввалин пойгоҳи ҳарбӣ-тамринӣ оғоз кард. Пойгоҳ дар вилояти Бадахшон, дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон сохта мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба газетаи South China Morning Post.
«Сохтмони пойгоҳ оғоз шуд. Барои таълиму омодагии ҳамтоҳои афғони худ Чин ба он ҷо ҳадди ақал як баталонро бо аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизот мефиристад», - изҳор доштааст ба нашрия яке аз манбаъҳо.
Пойгоҳ дар долони Вахон ҷойгир хоҳад шуд, ки бо се давлат – дар шимол бо Тоҷикистон, дар ҷануб бо Покистон ва дар шарқ бо Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин ҳамсарҳад аст.
Тавре нашрия қайд мекунад, ин аввалин ҳолати ҳузури ҳарбии Чин дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон аст.
Вазорати мудофиаи Чин то ҳол расман нақшаи таъсиси пойгоҳи ин кишварро дар Афғонистон тасдиқ накардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста