Бинобар сабаби идомаи амалиёти низомии Туркия дар Сурия, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп эълом дошт, ки зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ мешаванд.
Дар изҳороти шоми 14-уми октябр нашршудаи Кохи Сафед гуфта мешавад, амрикоиҳо гуфтушунидро дар бораи созишномаи тиҷоратӣ бо Туркия боздошта, боҷи воридоти пӯлод аз Туркия то 50% меафзояд. Дар ин бора Фонтанка.ру хабар медиҳад.
Ғайр аз ин, дар робита ба амалиёти низомӣ дар Туркия, нисбат ба мансабдорон таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол Трамп таҳдид кардааст, ки ин танҳо оғози кор аст.
“ИМА қотеъона аз таҳримҳои иқтисодӣ истифода хоҳад кард, то ки шахсони пуштибон аз рӯйдодҳои нохуш дар Сурия муҷозот шаванд, аз ҷумла, аз лиҳози молиявӣ. Агар роҳбарони Туркия ба паймудани ин роҳи тахрибкор идома диҳанд, ман ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”, - қайд мешавад дар изҳороти раисҷумҳури ИМА.
Зимнан Трамп саҳеҳтар маълумот медиҳад, ки оянда таҳримҳо метавонанд ба соҳаи молия ва додани раводид низ равона шаванд.
Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 9-уми октябр оғози амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”-ро эълон кард. Ҳадафи аслии амалиёт барқарории минтақаи амни 30-километрӣ дар марзи Туркия бо Сурия унвон мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.