Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон хабари аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон гузаштани ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ҳамлаи онҳо ба як дидбонгоҳи марзиро рад кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар изҳороти расмӣ гуфтанд, бист ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд.
Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла як марзбон ва як маъмури милиса ва 15 ҳамлавар кушта шудаанд. Панҷ ҷангҷӯи дигарро дастгир кардаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, ки талафоти низомиёни тоҷик дар ин ҳодиса бештар ва панҷ нафар будааст.
Масъулони Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, "ҳамла дар хоки Тоҷикистон анҷом шудааст ва ҳаросафканон низ дар берун аз хоки Афғонистон ба сар мебурдаанд." Ҳоло вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба посухи Кобул маълум нест. Қаблан мақомоти Тоҷикистону Русия аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар минтақаҳои шимоли Афғонистон ҳушдор дода буданд.
Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, "ҳеч далеле нест, то собит кунад, ки ҳаросафканон аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон рафта бошанд".
Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, "террористон дар берун аз Афғонистон буданд ва ҳамла дар хоки Тоҷикистон сурат гирифтааст. Иддаои мақомҳои Тоҷикистон дар ин бора бо шавоҳиди айнӣ ҳеч мутобиқат надорад. Яъне, аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла нашудааст."

Бо он ки мақомоти Вазорати дифои Афғонистон ҳузури ДОИШ-ро дар шимоли Афғонистон рад намекунанд, мегӯянд, "дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳ дар Афғонистон бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст". Масъулони ин вазорат гуфтанд, гурӯҳҳои даҳшатафканон дар Афғонистон паноҳгоҳ надоранд ва паноҳгоҳҳои ин гурӯҳҳо дар берун аз Афғонистон аст.
Борӣ Ориз, яке аз коршинсони афғон низ гуфтааст, "ҳеч бахши ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундуз ва дар умум минтақаҳои шимол-шарқи Афғонистон, наздик ба Тоҷикистон, зери назорати ДОИШ нест ва бештар гурӯҳи Толибон дар ин минтақаҳо ҳузуру фаъолият доранд".
Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, "онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд". "Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", -- гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.
Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки маъмулан ҳамлаҳои худро дар гӯшаҳои ҷаҳон зуд эълон мекунад, то ба ҳол ба изҳороти мақомоти тоҷик вокуниш накардааст. Ин гуруҳ даст доштани пайравонаш дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдатро низ бо гузашти тақрибан як моҳ аз ҳодиса эълон карда буд.
Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ то ин дам барои гирифтани маълумот аз неруҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кул бенатиҷа буд.
Дар гузашта гуруҳҳои мусаллаҳ, вале қочоқбар аз ноҳияҳои Панҷу Фархор, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин гузашта ва бо марзбонон даргир шуда буданд, аммо аз убури марз ба воситаи ноҳияи Қубодиён гузориш нарасидааст. Аз ноҳияи Қубодиён то дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамлаи ахир дар он ҷо сурат гирифт, 200 километр роҳ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мақеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Воридоти мошин зиёд шудааст. Аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон автомобил ворид мешавад?
“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад
Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд
Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 180 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 27
Дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст
Раиси Кумитаи андоз: “Дар Тоҷикистон сарбории андоз баланд нест”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста