Эрон эълом дошт, аз созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 байни ҳукумати ин кишвар ва шаш давлати миёнарав имзо шуда буд, комилан хориҷ мешавад. Дар ин бора хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад.

Шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар хабар дод, Эрон дигар ҳеҷ гуна маҳдудиятро, ки мувофиқи созиши ҳастаӣ ҳосил шуда буд, риоя намекунад.

Гуфта мешавад, пас аз куштори фармондеҳи баландпояи Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп чунин тасмим гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки баъди моҳи майи соли 2018 аз созишнома ба таври якҷониба хориҷ шудани ИМА, то ин замон Эрон тадриҷан аз шартҳои созиши ҳастаӣ даст мекашид.

Дигар кишварҳое, ки созишномаи мазкурро ба имзо расонида буданд, ба нигаҳдорӣ ва иҷрои он исрор меварзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.