Дар маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ издиҳоми зиёди мардум ҷамъ омада, аз фишори он дастикам 35 нафар ҳалок ва 48 тани дигар осеб диданд. Дар ин бора Associated Press бо истинод ба телевизиони давлатии Эрон хабар медиҳад. Ведомости менависад, ин маълумотро ҳамчунин The Wall Street Journal бо истинод ба ТВ тасдиқ кардааст.

Мувофиқи ин маълумот, тамбашавии одамон дарҳол пас аз раҳпаймоии видоъ дар Кирмон – зодгоҳи Сулаймонӣ ба амал омадааст. Ҳодисаи рухдода таҳқиқ мешавад. Тавре АР қайд мекунад, телевизиони Эрон дар бораи фавтидагон зимни пахши мустақим гузориш дода, лекин дар бораи шумори ҳалокшудагону осебдидагон маълумот надод.

Маълумотро доир ба ин ҳодиса табибон ҳам тасдиқ карда, вале онҳо ҳам аз шумори дақиқи фавтидагону осебдидагон ҳарфе нагуфтанд.

Дар Эрон имрӯз, 7-уми январ маросими дафни Сулаймонӣ доир мегардад, ки дар Ироқ кушта шуд. Барои видоъ бо генерал садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромаданд. Дар чунин маросим дар Теҳрон беш аз 1 млн. нафар эрониён ҷамъ омада, ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт қатъ шудааст.

Генерал Сулаймонӣ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА шаби 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд. Фармон дар бораи ҳамларо шахсан президент Доналд Трамп додааст. Ироқ посух ба ҳамларо ваъда дода, ба хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз минтақа изҳори омодагӣ кард. Эрон низ бо “интиқоми сахт” таҳдид кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои таҳдидомез нисбат ба Вашингтон фавран вокуниш хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.