Дар Эрон 2 нафаре, ки дар онҳо қаблан сирояти коронавирус ошкор шуда буд, фавтиданд. Дар ин бора РБК бо истинод ба хабаргузориҳои Эрон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи мушовири вазири тандурустии Эрон Алӣ Ризо Ваҳҳобзода, ҳар ду бемор дар шаҳи Қум иқомат доштаанд.
Дар бораи марги ду нафар аз сирояти коронавирус ҳамчунин Mehr бо истинод ба муовини вазири тандурустии Эрон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, беморон бар асари пиронсолӣ ва заифии масуният (иммунитет)-и ҷисмашон вафот кардаанд.
Эрон ҳолатҳои аввалини сирояти коронавирусро 19-уми феврал расман тасдиқ кард. Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки сироятёфтагон дар ҳуҷраҳои ҷудогона бистарӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти ҳукумати Чин, дар ин кишвар зиёда аз 74 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Дар саросари ҷаҳон ин шумор 75,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумори қурбониёни коронавирус ба зиёда аз 2 ҳазор нафар расидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.