Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст, ки Амрико метавонад барои ҷамъоварии маълумот дар мавриди Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад. Ин пешниҳодро Путин дар нахустин дидораш ба Байден дар Женева додааст.
Хабаргузории "Ройтерз", ҳафтаи гузаштабо нақл аз рӯзномаи "Коммерсантъ"-и Русия навиштааст, ки Путин гуфтааст, ки Амрико метавонад аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон истифода кунад.
Дар гузориш омадааст, ки ин пешниҳод шомили ба давт овардани иттилоот тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин низ мешавад. Вале "Ройтерз" навиштааст, ки Амрико то кунун ба ин пешниҳод посухе надодааст.
Ин пешниҳоди Русия дар ҳолест, ки ин кишвар пештар гуфта буд, ки ИМА наметавонад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ дошта бошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеч кадоме то кунун ба ташкили пойгоҳҳои низомии ИМА дар қаламрави худ, пас аз хуруҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистон ризоят надодаанд. Ин дар ҳоле, ки баъзе аз мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, ки ҳукумати ин кишвар ба дунболи ташкили пойгоҳи низомӣ дар яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст.
Зоҳиран Покистон ҳам барои эҷоди пойгоҳи низомии ИМА розӣ нашудааст. Дар ин бора моҳи гузашта Имрон
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар гуфт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон вазъияти сиёсӣ ва ноамниро дар ин кишвар номушаххастар мекунад ва таҳдидҳои террористӣ дар минтақаро низ, афзоиш медиҳад. Ӯ ин суханонро дар нишасти мақомҳоиаршади осиёӣ дар Тошканд мегуфт ва таъкид кард, ки Русия мехоҳад ба оғози дигарбораи гуфтушунидҳо миёни тарафҳои даргири Афғонистон кӯмак кунад.
Сергей Лавров пештар гуфта буд, ки ҳузури беш аз 100 ҳазор неруи амрикоӣ ва НАТО дар 20 соли ахир дар Афғонистон Амрикоро ба пирӯзи нарасонид ва акнун эҷоди як пойгоҳи низомӣ дар берун аз Афғонистон бо неруи камтар чӣ натиҷае дода метавонад.
Ин дар ҳолест, ки то поёни маъмурияти ИМА дар Афғонистон, тибқи ваъдаи Ҷо Байден, камтар аз ду моҳи дигар (11 сентябр) мондааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста