"Толибон" бо нашри як хабарномаи масъулияти ҳамла ба хонаи номзадвазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадиро ба дӯш гирифтанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд.
Як манбаъи муътамад аз мақомоти амниятии Афғонистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки чанд лаҳза пеш аз ҳамла Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бо ҷамъе дигар аз чеҳраҳои сиёсиву низомии Афғонистон низ дар ин хона қарор доштаанд. Аммо чанд дақиқе пештар хонаро тарк карда буданд.
Дар аксҳое, ки аз ин ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки утоқи ин ҷаласа яке аз ҳадафҳои нахустини ҳамла будааст.
Дар ҳамлаи шаби сешанбе ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Кобул, 8 нафар бо шумули як зан кушта шудаву 20 нафари дигар захм бардоштааст. Аммо худи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва хонаводааш, ки дар хона қарор доштаанд, аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурдаанд. Дар бораи талафоти аъзои хонаводаи вазир то кунун гузориш нашудааст.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, шаби сешанбе, дақоиқе пас аз ҳамла, дар як навори видеои тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ҳеч ҳамлаву ҳодисаи террористие азми ӯро аз мубориза бо "Толибон" ва душманони мардуми Афғонистон боз намедорад.
Дар эъломияе, ки "Толибон" нашр кардаанд, гуфтаанд, ки ин ҳамла посух ба муттаваққиф кардани роҳандозии иқдоми нидои "Аллоҳу Акбар" дар Кобул будааст.
"Ин ҳамла аз оғози амалиётҳои интиқомӣ бар ҳастаҳои мақомоти идораи Кобул шаҳодат медиҳад, ки фармони ҳамлаҳо бар мардуми мулкиро дар манотиқи мухталифи кишвар медиҳанд",-гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон".
Ин ҳамла, тақрибан соати 20-и шаби сешанбе ба вақти Кобул, дар минтақаи Шерпури Кобул сурат гирифтааст. Ба навиштаи шабакаи телевизионии "Тулуънеюс" дар ибтидо як мошини бамбгузоришуда дар назди хонаи вазир инфиҷор дода мешавад ва сипас чаҳор нафар ба хона ҳуҷум мекунанд.
Пас аз ин ҳамла неруҳои амниятии Афғонистон ба маҳалли рӯйдод омада, баъди 5 соат бо комилан аз байн бурдани муҳоҷимон, онро хунсо мекунанд.
Дар ин ҳамла ҳамчунин хонаи бархе аз чеҳраҳои сиёсиву низомии Афғонистон, ки ба хонаи Муҳаммадӣ наздик будаанд, зарар дидаанд. Хонаи Муҳаммадӣ дар яке аз минтақаҳи аз лиҳози амниятӣ сабзи Афғонистон қарор дорад, ки дар он ҷо шумори зиёди сафоратхонаҳо ва қароргоҳҳои сафирону чеҳраҳои сиёсиву низомиву ҳукуматии Афғонистон низ мавқеият доранд.
Ин ҳамла дар Афғонистон ва кишварҳои минтақа вокунишҳои зиёде дар пай дошт. Аз ҷумла, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонист Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва чеҳраҳои зиёди сиёсиву ҷиҳодии Афғонистон онро маҳкум кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста