Толибон баргузории мулоқоти Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Муҳаммад Исмоилхон, волии пешини Ҳирот бо вазири хориҷаи ҳукумати сарапарасти Толибон, Амирхони Муттақиро расман таъйид карданд.
Телевизиони миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки Амирхони Муттақӣ баргузор шудани ин мулоқотро таъйид кард. Дар навори видеоие, ки ин шабака нашр кардааст вазири хориҷаи Толибон мегӯяд, ки ин мулоқот дар Эрон сурат гирифтааст.
Муттақӣ мегӯяд, ки "бо фармондеҳ Исмоилхон ва Аҳмад Масъуд низ дар Эрон дидор кардем. Бо афғонҳои дигар низ дидор доштем ва аз онҳо хостем, ки ба кишваршон баргарданд, ҳеҷ кас ба онҳо коре нахоҳад дошт ва мушкили амниятӣ барои онҳо эҷод нахоҳем кард".
Би-Би-Си ҳам хабар медиҳад, ки як манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ баргузор шудани ин дидорро ба ин расона таъйид кардааст.
Саид Хатибзода, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон ҳам дар нишаст матбуотии имрӯз, 10-уми январ дар посух ба саволи дарбора ин дидор гуфтааст "Дар ин сафар ҳам Ҷумҳурии Исломии Эрон мизбони ин гуфтугӯ будааст. Гуфтугӯҳои хубе байни гурӯҳҳои Афғонистони анҷом шудааст ва умедворем, ки натиҷаи он ояндаи дурахшоне барои мардум Афғонистон ба ҳамроҳ дошта бошад".
Хабари баргузории мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Муттақиро шабакаи "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба ду манбаи ба таъкиди ин расона муътабараш дар Теҳрону Машҳад ду рӯз пеш расонаӣ карда буд. Ин шабака навишта буд, ки Муҳаммад Исмоилхон волии пешини Ҳирот ва аз фармондеҳони маъруфи Ҷамъияти исломии Афғонистон низ ширкат мекунад.
Аммо Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи якшанбеи 9-уми январ хабарҳои нашршуда дар мавриди мулоқоти раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд бо сарапарасти вазорати хориҷаи Толибон Амирхони Муттақиро рад карда буд.
Аҳмадӣ дар як навиштаи фейсбукӣ гуфта, ки ҳеҷ мулоқоте дар назар нест ва дар ин бора пасонтар баёнияе содир хоҳанд кард.
Аммо то кунун тасовире аз ин мулоқот ва ҷузъиёти он нашр нашудааст. Ин дар ҳолест, ки баъди нашри хабарҳои ин мулоқот бисёре аз ҷонибдорону ҳаводорони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки набояд ин мулоқт дар ин сатҳ баргузор шавад.
Амирхони Муттақӣ рӯзи шанбе дар раъси як ҳайат ба Эрон рафтааст, ки толибон гуфтаанд ин сафар бо даъвати вазорати хориҷаи Эрон сурат гирифтааст, ки "дар бораи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ мешавад".
Аммо "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба як манбаи дигараш навишта, ки ин сафар бо даъвати Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳоло Аҳмади Масъуд дар Эрон аст аст ва барои дидор бо хонаводааш ба Машҳад рафтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар ИМА бо гумони маблағгузорӣ ба ДОИШ
Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ. Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд?
Анҷоми наворбардории филми “Пайроҳаи хашм”. Он кай намоиш дода мешавад?
Олимон: “Тоҷикистон 20%-и талабот ба барқро метавонад аз ҳисоби энергияи офтоб қонеъ созад”
Ҳама ба муҳоҷират. Чаро сокинони Ашт рӯ ба муҳоҷират меоранд?
Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар AGRO PRO EXPO-2025-и Ӯзбекистон
Футболбозони тоҷик дар сафи гаронтаринҳои Суперлигаи Ӯзбекистон
Қамчибек Тошиев: "Деҳаи Достуки вилояти Ботканд ба Тоҷикистон дода шуд"
Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро беш аз 150 нозири ИДМ назорат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста