Истеъфои президенти Арманистон Армен Саркисян, ки дар ин бора ӯ 23 январи соли 2022 хабар дода буд, мавриди амал қарор гирифт. Дар қонун барои эҳтимол бозхонд шудани изҳорот як ҳафта муҳлат пешбинӣ шудааст, лекин Саркисян аз он истифода накард, менависад РИА Новости.

Тавре ки дар сомонаи парлумон хабар дода мешавад, раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян дар бораи қатъи салоҳиятҳои президенти ҷумҳурӣ Армен Саркисян протокол ба имзо расонид.

Мувофиқи Сарқонуни Арманистон, то сари мансаб омадани президенти тозаинтихоб ваколатҳои ӯ ба раиси Маҷлиси миллӣ Ален Симонян вогузор шудаанд. Уҳдадориҳои ӯро ба сифати раиси парлумон бошад, муваққатан муовини раиси парлумон Акоп Аршакян иҷро мекунад.

Қаблан ВАО-и ҷонибдори ҳукумат хабар дода буданд, ки ҳизби ҳокими “Гражданский договор” (Шартномаи шаҳрвандӣ) зери раҳбарии сарвазир Никол Пашинян ба мансаби президентӣ номзадии вазири ҳозираи саноати технологияҳои баланди Арманистон, шахси ғайриҳизбӣ Ваагн Хачатурянро пешбарӣ мекунад.

Президенти чоруми Арманистон Армен Саркисян рӯзи 23 январ изҳор дошт, ки тасмим гирифтааст бинобар сабаби надоштани абзори таъсир ба масоили доимии дохилӣ ва хориҷӣ, ба истеъфо меравад.

Саркисян ба ин мансаб 2 марти марти соли 2018 аз ҷониби парлумони Арманистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, аввалин сарвари давлат мебошад, ки парлумон пас аз дар соли 2015 гузаштан ба шакли идораи парлумонӣ, ба ин мансаб интихоб кард.

Мувофиқи Сарқонуни Арманистон, президент аз ҷониби Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад. Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президенти ин кишвар на пештар аз 25 ва на дертар аз 35 рӯз пас аз холӣ шудани вазифаи президент, аз ҷумла дар ҳолати истеъфои ӯ гузаронида мешавад. Ҳадди ақал аз чор як ҳисса аз шумори умумии вакилон ба пешбарии номзад ба мансаби президенти Арманистон ҳуқуқ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.