Сергей Собянин, шаҳрдори Москваи Русия "афви ковид" эълом кард.
Собянин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, мақомоти Москва ҷаримаҳоеро нахоҳанд ситонид, ки барои вайрон кардани маҳдудиятҳои вабои ковид таъйин шуда буданд.
"Ҷаримаҳои маъмурӣ дар ҳалли масъалаи наҷоти саломатӣ ва ҳаёти сокинони шаҳр нақши барҷаста доштанд, барои мубориза бо вабои ковид мусоидат карданд. Имрӯз ин хатар рафъ шуд. Ҳоло - хатарҳо ва мушкилоти дигар аст. Мо уфти воқеии даромади мардумро мебинем. Аз ҳамин хотир ман тасмим гирифтам, ки авфи ковид эълом кунам", - омадааст дар хабари шаҳрдори Москва.
Вай илова кардааст, ин тасмим "бо ҳадафи коҳиши оқибатҳои фишори таҳримҳо" гирифта шудааст.
Афв аз 1 июни соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Ҳамчунин, ба сокинон маблағи ҷаримаҳоеро бармегардонанд, ки онҳо пардохта буданд.
Бештари маҳдудиятҳои марбут ба вабои коронавирус дар Москва охири моҳи феврал ва аввали моҳи март бардошта шуданд.
Дар як рӯзи охир дар Москва 172 ҳолати нави гирифторӣ ва 15 ҳолати марг аз вабои коронавирус сабт шудаатс. Дар маҷмух дар он шаҳр бештар аз 2,5 млн ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста