Аз оғози соли 2022 дар саросари дунё аллакай беш аз 1 млн нафар аз сирояти коронавирус вафот карданд, изҳор дошт рӯзи панҷшанбе, 25 август зимни нишасти матбуотӣ мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Адханом Гебрейесус, хабар медиҳад РИА Новости.
“Имсол мо марҳалаи фоҷиавии сабти марги 1 млн нафарро аз COVID-19 паси сар кардем. Вақте ки танҳо дар соли ҷорӣ 1 млн нафар аз COVID-19 фавтиданд, наметавонем бигӯем, ки бо COVID-19 зиндагӣ карданро омӯхта истодаем, ҳарчанд барои пешгирии ин маргҳо тамоми воситаҳои заруриро дар даст дорем”, - изҳор доштааст ӯ.
Роҳбари Созмон қаблан зикр карда буд, ки давоми як моҳ ҳудуди 15 ҳазор кас аз сирояти коронавирус фавтида, тайи чор ҳафтаи ахир теъдоди маргҳо 35% афзуд.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дар робита ба афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дар бораи ҳатмӣ шудани пешниҳоди ПСР-тест зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ қарори дахлдор қабул кард.
Ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.
Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.
Лекин бо сабаби беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус, аксарият аз тест намегузаштанд ва санҷишҳо бештар хусусияти тавсияро доштанд.