Ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин - духтарча Арпи дар Арманистон таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуники Арманистон ба дунё омад. Дар ин бора Карен Саркисян, раиси вилояти Гегаркуник рӯзи сешанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт.

“Тибқи маълумоти нашршуда ва тасдиқшудаи ЮНИСЕФ, дар таваллудхонаи вилояти Гегаркуник ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин чашм ба олами ҳастӣ кушод. Тифли навзод Арпи духтари Карен Закарян ва Ани Кочарян, сокинони деҳаи Совинар мебошад, ки вазнаш 2 килову 900 грамм ва қадаш 49 сантиметрро ташкил дода, комилан солим таваллуд шуд. Оилаи тифли навзодро табрик намуда, ба Арпии хурдакак даврони ъхуши тифливу кӯдакӣ ва ояндаи дурахшон орзу дорам”, - гуфтааст ӯ.

Тибқи маълумоти СММ, дар 12 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 1 миллиард нафар афзудааст. Аз ҳама бештар дар Осиё ва Африқо. Пештозҳо Чин ва Ҳиндустон мебошанд - ҳар кадом тақрибан 1,5 миллиард нафар.

Мувофиқи гузориши СММ, соли 2040 аҳолии сайёра ба 9 млрд нафар мерасад, яъне на баъди 12, балки 18 сол. Сабабаш сатҳи пасти устувори таваллуд ва дар баъзе ҳолатҳо сатҳи баланди муҳоҷират. Аллакай соли 2100 шумори аҳолии ҷаҳон метавонад ба 12 млрд нафар расад.

Тайи 200 соли ахир шумори аҳолии сайёра 8 баробар зиёд шудааст. Агар аввали солҳои 1900-ум дар сайёраи Замин 1,6 млрд нафар одамон зиндагӣ мекарданд, пас соли 2000-ум аллакай ба 6 млрд нафар расиданд. Афзоиши босуръат дар натиҷаи рушди соҳати тиб ва ваксинзанӣ, низоми роҳандозишудаи таъминоти иҷтимоӣ, инчунин дастрасӣ ба обӣ нӯшокӣ ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.