Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин кишвар Тсзян Тсземин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту мӯҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти  Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям", - гуфта мешавад дар барқия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.