Дирӯз, 21-уми декабр, Владимир Зеленский, президенти Украина аввалин маротиба пас аз ҳамлаи Русия ба қаламрави кишвараш ба хориҷ аз кишвар сафар кард ва ба Амрико рафт.

Ӯ, ки дар тан либоси низомӣ дошт, дар Вашингтон бо президенти ИМА Ҷо Байден мулоқот намуд ва гуфт, “ман имрӯз дар Вашингтон ҳастам, то аз мардуми Амрико, президент ва Конгресс барои ҳимояти бисёр муҳимашон ва идомаи ҳамкорӣ барои суръат бахшидани пирӯзӣ, ташаккур кунам”.

Ҷо Байден ҳам аз президенти Украина хуш пазироӣ кард ва таъкид дошт, ки “Амрико дар паҳлӯи Украина хоҳад буд ва ба кумакҳои худ идома медиҳад”.

Дар остонаи вуруди Владимир Зеленский ба Вашингтон ҳукумати Амрико эълон кард, ки як бастаи низомии дигар ба арзиши 1,85 миллиард доллар ба Украина хоҳад дод, ки системаи дифои зиддимушакии "Патриот" низ шомили он мешавад.

Ҳамакнун, дар назар аст, ки Владимир Зеленский дар Конгресси ИМА суханронӣ кунад ва вакилони амрикоиро барои райъ додан ба тарҳи ҷудо кардани кумаки 45-миллиарддолларӣ моил созад.

Гуфтан лозим аст, ки маҷмуи кӯмакҳои низомии ҳукумати Амрико ба Украина то кунун 21,9 миллиард долларро ташкил додааст.

Русия артишро тақвият медиҳад

Замоне, ки Владимир Зеленский ба Амрико сафар дошт, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар ҷаласаи мушовараи вазорати дифо бо иштироки Владимир Путин, президенти ин кишвар пешниҳод кард, ки артиш тақвият дода шавад.

Акс аз "РИА Новости"

Ӯ гуфт, ки “тадриҷан синну соли даъват ба артиш тағйир дода шавад: маҳдудияти поёнӣ аз 18 ба 21 ва ҳадди болоӣ аз 27 ба 30 кӯчонида шавад”.

Ҳамчунин, Сергей Шойгу таклиф намуд, ки шумораи армияи Русия ба якуним миллион нафар расонида шавад. Ҳоло теъдоди армияи ин кишвар бештар аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, вазири дифои Русия пешниҳод намуд, ки даъватшавандагон бояд аз рӯзи аввали хидмати ҳарбӣ бо Вазорати дифои Русия имкони бастани қарордодро дошта бошанд.

Таъкид гардид, ки теъдоди хизматчиёни ҳарбии тавассути шартнома адои хизмат мекарда низ то ба беш аз 600 ҳазор афзоиш дода шавад.

Путин аз пешниҳодҳои тағйироти сохторӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия пуштибонӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.