Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон, аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостааст, чархболҳоеро, ки дар рӯзҳои аввали суқути Кобул ба дасти Толибон*, ба ин ду кишвари ҳамсоя нишаста буданд, ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон диҳанд.
Ба иттилои хабаргузории “Afghanistan-Internation”, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон ин изҳоротро дар як суханронии видеоӣ дар нишасти Лондон ба муносибати гиромидошти Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ, фармондеҳи кушташудаи Ҷабҳаи муқовимат дар Андароб баён кардааст.
Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, Атомуҳаммади Нур, Абдулатиф Пидром, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммад Муҳақиқ ва Юнус Қонунӣ низ ширкат доштанд.
Дӯстум таъкид кардааст, ки дастикам 40 чархболи марбут ба артиши ҳукумати қаблӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки генерал Майкл Корилла, фармондеҳи Ситоди марказии Амрико, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, ки ин чархболҳо ба Толибон тааллуқ надоранд ва Амрико шояд ба Тоҷикистон иҷоза диҳад, ки аз он чархболҳо истифода кунад.
Ӯзбекистон моҳи майи соли 2022 эълон кард, ки чархболу ҳавопаймоҳои артиши собиқи Афғонистонро ба дасти Толибон намедиҳад. Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон гуфт, ин мошинҳои низомӣ “моли Амрико” буда, бо тавофуқи Вашингтон дар Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.
Қаблан вазорати дифои Амрико эълом карда буд, ки то 21-уми августи соли 2021 46 ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва 18 ҳавопаймои ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.
Ба гузориши “Садои Амрико”, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, низ дар ин нишаст аз “рӯйдодҳо”-и мавсими оянда ёдоварӣ кардааст.
Аҳмад Масъуд ҳам гуфтааст, “умедворам, ки бо таваккал ба Худо, бо ин рӯҳияи муттаҳид ва якдастӣ дар мавсими оянда, фаслҳои оянда ва солҳои оянда шоҳиди ҳаводиси хубе хоҳем шуд”.
Аммо ӯ дар ин замина маълумоти бештаре надодааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдулрашид Дӯстум дар ин нишаст гуфта, ки раҳбарони Шӯрои олии муқовимат “бояд барои наҷоти Афғонистон сафарбар ва аз гузаргоҳи Ҳайратон вориди Афғонистон шаванд”.
“Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон бояд ҳарчӣ зудтар нақшаи сиёсии худро муаррифӣ кунад ва дар бораи низоми ояндаи Афғонистон тасмим бигирад”, - таъкид кардааст Дӯстум.
Раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон муътақид аст, ки хушунатҳои Толибон афзоиш ёфта, онҳо ба иҷрои “эъдом” шурӯъ мекунанд.
Дӯстум дар ин нишаст Толибонро ба қатли теъдоде аз шахсиятҳо ва фармондеҳони Афғонистон, аз ҷумла, Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Абдулалӣ Мазорӣ, Муҳаммаддовуди Довуд ва дигарон муттаҳам кардааст.
Ӯ ҳамчунин аз кушта шудани низомиёни ҳукумати пешин ба дасти Толибон нигаронӣ карда, ба гирифтани “интиқом” аз ин гурӯҳ даъват намуд.
“Ӯ аз оғози эҳтимолии иқдомот алайҳи ҳукумати Толибон дар моҳи ҳамал (21 март - 20 апрел) хабар дод ва аз ҷангиёни ҷабҳаи муқовимат хост, то моҳи ҳамал бо Толибон рӯ ба рӯ нашаванд”, - менависад манбаъ.
Дӯстум аз Амрико интиқод карда, гуфтааст, “набояд ин кишвар ба Афғонистон пул ирсол кунад”. Ӯ афзуда, ки “Амрико ҳамеша дар бораи мубориза бо терроризм сӯҳбат мекунад, аммо террористон бо долларҳои фиристодаи ин кишвар меҷанганд”.
Абдулрашид Дӯстум яке аз чеҳраҳои сиёсӣ - низомии баҳсноки Афғонистон аст, ки аққалияти миллии ӯзбеконро намояндагӣ мекунад ва бо мавқеъгириву ҷангҳои бераҳмонаи худ машҳур гардидааст.
Ӯ муддате дар Афғонистон дар курсии мувоини раисиҷумҳур низ кор карда, пас аз вурули Толибон ба Кобул ва баъдан ба Мазори Шариф тарки Афғонистон кард ва ҳоло дар Туркия ба сар мебарад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста