Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки дар интихоботи президентии қарибулвуқӯ ба раисҷумҳурии кунунии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон овоз диҳанд.
“Аз номи ҳамаи мардумони бародар аз мардуми турк даъват мекунам, ки аз номзадии муҳтарам Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи пешорӯ ҳимоят кунанд”, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ӯ барои иштирок дар саммити ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ, ки 16-уми март баргузор гардид, ба Туркия сафар кард.
Сарфи назар аз он ки саммит дар Анкара ба мавзуи офатҳои табиӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бахшида шуда буд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин чорабинӣ асосан барои ҳимоят аз Эрдуғон ташкил шудааст. Онҳо бовар доранд, ки поёнравии қурби пули туркӣ дар солҳои охир ва оқибати заминларзаи харобиовари моҳи феврали соли ҷорӣ ба нуфузи Эрдуғон зарба задааст.
Дар Туркия интихоботи навбатии президентӣ 14 май баргузор мешавад ва дар он намояндаи эътилофи мухолифини ин кишвар Камол Киличдароғлу рақиби асосии Эрдуғон муаррифӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ин даъвати Шавкат Мирзиёев ҳар дар арафаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсӣ барои Конститутсияи нав садо медиҳад.
Дар сурати қабули Конститутсияи нав, муҳлати қаблии президентии Шавкат Мирзиёев бекор гардида, ӯ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки боз барои ду давраи 7-сола президент интихоб гардад.
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста