Сергей Собянин, раиси шаҳри Москав дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар дод, ки субҳи имрӯз, 24-уми июл, ба пойтахти Русия тавассути паҳпод ё бесарнишин ҳамла шудааст.
Ба иттилои шаҳрдори Маскав, паҳподҳо ба ду бинои ғайристиқоматӣ дар пойтахти Русия бархӯрдаанд. Дар пайи ин ҳамла, “талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Ин иттилоъро Вазорати дифои Русия низ тайид карда, хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар субҳи душанбе ду паҳподи Украинаро дар фазои шаҳри Маскав нобуд кардаанд.
Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Хадамоти изтирорӣ хабар дод, ки яке аз паҳподҳо ба бинои маркази тиҷоратӣ дар хиёбони Лихачёви Маскав бархӯрдааст.
“Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - навишт ин манбаъ.
Хабаргузории ТАСС ҳамчунин хабар дод, ки дар хиёбони Комсомолский 17, дар маркази Маскав, дар наздикии бинои Вазорати дифоъи Русия, пораҳои як паҳподи дигар пайдо шудааст.
Ҳамлаи паҳподҳо ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи гузашта, 23-юми июл, нерӯҳои Русия ба шаҳри Одессаи Украина ҳамлаи мушакӣ карданд. Ба гуфтаи мақомоти ҳарбии Украина, дар ҷараёни ҳамла аз 19 мушак истифода шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳамла инфрасохтори бандар, биноҳои истиқоматӣ ва ёдгориҳои меъморӣ осеб дида, калисои Спасо-Преображенский, бузургтарин калисои православии Одесса қисман хароб шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ин ҳамла як нафар ба ҳалокат расидааст. Ба навиштаи хабаргузории Meduza Вазорати дифои Русия ҳамла ба ин шаҳрро таъйид кард, аммо ҳадаф қарор гирифтани маъбадро рад кардааст.
Бояд гуфт, ки аз 18-уми июл, баъди ҳамла ва таркиш дар пули Қрим, Русия ба иншооти зерсохтори бандарӣ дар ҷануби Украина, аз ҷумла дар шаҳри Одесса ҳамла карда, онҳоро "қасос" барои таркиш дар пули Қрим номид.