Давоми як ҳафтаи охир бар асари обхезиҳо дар ҳашт вилояти Афғонистон 40 нафар ҷон бохта, 41 нафар бедарак шудаанд ва 74 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.
Саропарасти Вазорати рафъи офатҳои табии Афғонистон гуфтааст, дар се рӯзи ахир бар асари обхезиҳо, бар иловаи талафоти ҷонӣ, беш аз 9 ҳазор хонаи истиқоматӣ ва ҳафт ҳазор гектар замини кишоварзӣ тахриб шудааст. Сокинони Афғонистон Толибонро ба надоштани нақшаи наҷот муттаҳам мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ин гурӯҳ ба ҷои тамаркуз ба ҳалли мушкилот, болои мардум бештар фишор меорад.
Масъули идораи мубориза бо офатҳои табиии вилояти Майдони Вардак гуфтааст, ки бар асари обхезии шаби гузашта дар се вулусволии ин вилоят 30 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи ин обхезӣ чаҳор нафар нопадид шуда, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзӣ низ тахриб гардидаанд.
Теъдоде аз осебдидагони ин обхезӣ аз ҳукумати Толибон ва созмонҳои кӯмакрасон дархост кардаанд, ки паноҳгоҳҳо бунёд кунанд ва ёрии аввалия расонанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста