Дар санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ, шаҳри Давҳа пойтахти Қатар мизбони нахустин намоишгоҳи боғдорӣ мешавад: “ЭКСПО - 2023”.
Намоишгоҳи “ДАВҲА-2023” таҳти унвони: “Биёбони Сабз, Муҳити Беҳтар” баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ 179 рӯз идома меёбад яъне то 28 марти 2024.
Мақсади намоишгоҳ ёфтани роҳи ҳалҳои наву инноватсионӣ барои мушкилоти биёбоншавӣ дар ҷаҳон аст.
Интизор меравад “ЭКСПО 2023” дар Қатар, сатҳи огоҳӣ дар бораи муҳити зист ва мушкилоти биёбоншавиро дар минтақа ва ҷаҳон боло барад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.