Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) эълон намуд, ки аз оғози даргириҳо миёни Ҳамос ва Исроил дар Навори Ғазза 31 хабарнигор кушта шудаанд.
Ба иттилои ин кумита, аз миёни кушташудаҳо 26 рӯзноманигори фаластинӣ, чаҳор рӯзноманигори исроилӣ ва як рӯзноманигори лубнонӣ мебошанд.
Ин созмон навишта, ки дар ин давра 8 хабарнигор захмӣ ва 9 тани дигар бедарак ва ё боздошт шудаанд.
Ҳамзамон кумитаи мазкур изҳор намудааст, ки дар бораи боздошт, таҳдид ва ғайб задани дигар хабарнигорон таҳқиқот идома дорад.
Дар ин низоъ бархе аз хонаводаҳои хабарнигорон низ кушта шудаанд.
Қаблан шабакаи телевизионии “Ал – Ҷазира” аз кушта шудани аъзои хонаводаи як хабарнигори худ дар ин даргирӣ гузориш дода буд.
Вобаста ба ин Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки хушунатҳоро коҳиш диҳанд ва аз ЮНЕСКО хостааст, ки барои ҳифзи рӯзноманигорон тамоми чораҳоро биандешанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Исроил ва Ҳамос 7-уми октябр даргирӣ оғоз ёфт. Низоъ пас аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил ва куштани 1400 нафар ва ба асорат гирифтани беш аз 200 каси дигар сар шуд.
Дар пайи ин Исроил эълони ҷанг кард ва Навори Ғазза, макони гуруҳи Ҳамосро муҳисира ва мушакборон намуд. Инак бо гузашти се ҳафта аз оғози низоъ беш аз 8000 фаластинӣ, аз ҷумла наздики 3 ҳазор кӯдак кушта шуданд.
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Товус ва кандани парҳо”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 декабри соли 2024
Дар Тоҷикистон мудирони мактаб чӣ тавр таъйин мешаванд?
"Роғун", мораторий ба санҷиш, "лимит"-и барқ, ниёз ба кадр ва рақамикунонӣ. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
10 филми беҳтарини Осиё Марказӣ дар соли 2024. Онҳо кадомҳоянд?
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста