Арабистони Саудӣ барои мардуми зарардидаи Навори Ғазза маъракаи ҷамъоварии ёриҳои башардӯстонаро эълон кардааст ва то ҳол беш аз 16 млн доллар ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин бора Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин маърака дирӯз, 2-юми ноябр, бо супориши подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд роҳандозӣ шудааст.
“Подшоҳи Арабистони Саудӣ бо 30 миллион риёл (8 миллион доллар) ва валиаҳди Саудӣ бо 20 миллион риёл (5,3 миллион доллар) ба ин маъракаи башардӯстона ҳусни оғоз бахшиданд”, - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҳоло мардуми Арабистони Саудӣ ин иқдомро идома дода истодаанд ва тибқи оморҳои охирини бадастомада, ҳаҷми маблағи кумакҳои ҷамъоваригардида ба 60 миллион риёл (16 млн доллар) расидааст.
Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ал-Рабиъа, мудири кулли Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки “Арабистони Саудӣ ҳамеша дар сархати кишварҳои донории ҷаҳон дар масъалаи дастгирии мардуми Фаластин қарор дошт ва дорад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пеш дар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое интишор шуданд, ки дар он гуфта мешуд, тоҷикони муқими кишварҳои арабӣ ба фаластиниёни зарардида кумаки моливу ғизоӣ медиҳанд.
Дар аксу наворҳо дида мешуд, ки тоҷикон бо шиори “Бародарони тоҷик ҳамроҳи шумо ҳастанд, Фаластиниён” маблағ, оши палов ва дигар анвоъи хӯрок тақсим мекунанд.
Ин гурӯҳи тоҷикон инчуин дар супермаркете бо ҳамон шиор равған, биринҷ, макарон, қанд, нон ва дигар намуди хӯрдании ройгон мегузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷанг миёни гуруҳи “Ҳамос”-и Фаластин ва Исроил рӯзи 7-уми октябр оғоз гардида, то ин муддат аз ду ҷониб беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.





Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста