Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” бо нашри як баёнияе гуфт, ки бастани созиши оташбаси муваққат бо Исроил наздик аст. Ҷониби Исроил то ҳол оид ба оташбас шарҳи расмӣ ироа накардааст.
Хабаргузории Франс-пресс бо истинод ба манобеи худ навиштааст, ки “созиши оташбас наздик аст”.
Ин расона менависад, ки созиш метавонад панҷрӯза бошад ва тибқи он амалиёти заминӣ қатъ ва амалиёти ҳавоии Исроил дар ҷануби Навори Ғаззаро маҳдуд шавад.
Бар ивази ин созиш, аз 50 то 100 нафари ғайринизомие, ки аз сӯйи гурӯҳи Ҳамос ва “Ҷиҳоди исломӣ” асир шудаанд, раҳо хоҳанд шуд. Исроил бошад ҳудуди 300 кӯдаки фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо хоҳад кард.
BBC менависад, ки тибқи созиш, гаравгонҳо марҳила ба марҳила озод карда мешаванд.
Дар бораи созиши оташбас Исроил то ҳол изҳори назар накардааст, аммо пештар раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфта буд, ки қарор аст дар ояндаи наздик дар мавриди раҳоии гаравгонҳо тавофуқ ҳосил шавад.
Мирҷана Сполярич, раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх рӯзи душанбе дар Қатар бо Исмоил Ҳания ва ҳамчунин, бо намояндагони мақомоти Қатар мулоқотҳои ҷудогона анҷом дод.
Қатар ба ҳайси миёнарав дар музокирот ширкат мекунад. Дафтари ҷиноҳи сиёсии гуруҳи Ҳамос дар ин кишвар воқеъ аст ва Исмоил Ҳания дар Давҳа зиндагӣ мекунад.
Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр оғоз ёфт. Дар ҳамлаи "Ҳамос" 1200 исроилӣ кушта шуда, ҳудуди 220 ба гарав афтоданд ва ба Ғазза бурда шуданд. Дар 46 рӯзи ҷанг беш аз 13300 фаластинӣ ҷон бохтанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста