Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки “Толибон”-ро* аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишвар хориҷ кунанд. Дар ин бора Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории «Казинформ» хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон мунтазам феҳристи миллии созмонҳои террористии дар кишвар мамнӯъро бо мақсади мубрамият бознигарӣ мекунанд.
"Дар доираи ин раванд тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати “Толибон” тибқи амалияи СММ аз он хориҷ карда шаванд. Ҳамин тариқ, тибқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳатмӣ мебошанд, ҷунбиши “Толибон” ба феҳристи созмонҳое, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамчун террорист эътироф кардааст, шомил нест”, - гуфтааст Смадияров.
Дар робита ба ҳамкории дипломатӣ бо ин созмон, намояндаи расмии ВКХ Қазоқистон гуфтааст, Қазоқистон дар оянда ҳам қарору қатъномаҳои қабулкардаи Шӯрои амният ва Маҷмаъи умумии СММ-ро қатъан риоя хоҳад кард.
Ҳаракати “Толибон”, ки моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, саъй доран, бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бо Қазоқистон равобити дипломатӣ барқарор кунанд ва худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйирёфта нишон диҳанд.
Шӯрои Амнияти СММ соли 2003 “Толибон”-ро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кард. Соли 2005 ин ҷунбишро Додгоҳи олии Қазоқистон террористӣ эълон кард.
Бояд гуфт, ки ҳаракати “Толибон” дар Тоҷикистон ҳам бо қарори Додгоҳи олӣ аз соли 2006 ҳамчун ташкилоти террорисӣ эътироф шудааст ва кишвари мо ягона давлатест, ки бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон умуман робитаи сиёсӣ ва дипломатӣ надорад. Ҳарчанд додугирифтҳое дар сатҳи тиҷоратӣ вуҷуд дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.