Дар пайи афзоиши фишор болои занону духтарон дар Афғонистон, Толибон* даҳҳо нафарро дар Кобул ба иттиҳоми “ҳиҷоби бад” боздошт ва шиканҷа кардаанд. Манобеъи мӯътамад дар Кобул ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, тайи ду рӯзи ахир дар манотиқи мухталифи ин шаҳр ҷангҷӯёни мусаллаҳи Толибон ҳамроҳ бо шуморе аз маъмурони ин гурӯҳ, ки дар миёни онҳо занон низ ҳастанд, даҳҳо духтарро аз минтақаи Пули сурх то Қалъаи навдашт ва бархе аз манотиқи шимолии Кобул бо зурӣ ва таҳдид дастгир карда, ба ҳавзаҳои амниятӣ бурдаанд.

Занону духтарон дар Кобул гуфтаанд, ки ин боздоштҳо танҳо ба хотири риоя накардани ҳиҷоби дарназаргирифтаи Толибон нест ва онҳо занонро ба иттиҳоми эътироз ва таҳқири масъулони ин гурӯҳ боздошт мекунанд. Аз сӯйи дигар, манобеъи огоҳ гуфтаанд, дар саросари Кобул барномаи маскуншавӣ бо заноне, ки “ба ҳиҷоби Толибон итоат намекунанд” оғоз шудааст.

Толибон дар ду соли охир бо вуҷуди фишорҳои густурдаи дохилӣ ва хориҷӣ ба саркӯб, мамнӯъ ва комилан хориҷ кардани занон аз ҷомеа идома медиҳанд.

“Мутаассифона, касе нест, ки садои занонро дар бораи ранҷу зулму ситами онҳо бишнавад. Ҳама хомӯшанд. Занҳо маҷбуранд худро дар як ҷо партоянд, то ҷони худро наҷот диҳанд ва дар ҳоли ҳозир ягон зан дар ҳолати хуб нест”, - гуфтааст як зан ба ин нашрия.

Аммо як зани дигар, ки низ нахостааст номаш дар ин гузориш ифшо шавад, гуфтааст ҳиҷоби исломӣ дошт, танҳо ниқоб надошт, аммо  боздошт шуд.

“Аз хиёбон мегузаштам, як хонум маро боздошту гуфт, ки чаро ниқоб надорӣ. Гуфтам, ки чаро ниқоб пӯшам? Чанд нафари мусаллаҳ аз паси ӯ гуфтанд, ки ҳиҷоби исломӣ ниқоб аст. Ман аз таппонча метарсам, гуфтам, ки дуруст аст, ниқоб мепӯшидам”, - нақл кардааст ин зан.

Дар ҳамин ҳол, як узви Толибон ба марокизи омӯзишӣ гуфтааст, ки бар асоси дастури вазорати Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ин гурӯҳ, ба ҳама занон дастур додаанд, ки ҳиҷоби шаръиро, ки Толибон хостаанд, риоя кунанд.

Ин узви Толибон афзудааст, агар зане ба иттиҳоми итоат накардан ба ин амр боздошт шавад, чанд рӯзро дар боздоштгоҳи минтақаи амниятии ин гурӯҳ ба сар мебарад. Вай ҳамчунин аз занони боздоштшуда хостааст, ки ба манотиқи амниятӣ рафта, кафолат диҳанд, ки тибқи дастури Толибон амал хоҳанд кард.

Бозёфтҳои рӯзномаи “8 субҳ” ҳамчунин нишон медиҳад, ки афроди Толибон ду занро дар вилояти Тахор барои пӯшидани бурқа башиддат латукӯб ва шиканҷа кардаанд. Ин занон аксҳои осори латукӯб дар баданашон ба нашрия ирсол кардаанд.

Бояд гуфт, кри пас аз дубора ба сари ҳукумат омадани Толибон дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои занон идома доданд. Дар ҳоли ҳозир барои занон рафтан ба боғ, оббозӣ кардан, бидуни муҳаррам сафар кардан, таҳсил ва кор манъ аст.

Пештар аз ин, коршиносони аршади Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузорише нашр кард ва гуфт, бархӯрд ва рафтори Толибон бо занон метавонад “апартеиди ҷинсӣ”-ро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи онҳо, Толибон дар Афғонистон ба таври муназзам ҳуқуқи инсонии занону духтаронро маҳдуд карда, фазои занонро дар ҳама бахшҳои зиндагӣ танг кардаанд.

Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи башар, гуфтааст, “занон ва духтарон дар Афғонистон табъизи шадидро аз сар мегузаронанд, ки метавонад ба таҷовузи ҷинсӣ - ҷиноят алайҳи инсоният - оварда расонад”.

Дар ин давра Толибон ҳеҷ як талаби занон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди эҳтироми ҳуқуқи инсонии онҳо ва пазируфтани воқеиятҳои ҷомеаи гуногунандешро иҷро накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.