Шаби 16-уми январи соли равон Эрон бо истифода аз мушакҳои ҳавоӣ бархе манотиқи Ироқ ва Сурияро мавриди ҳамла қарор додааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ бо такя ба иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хабар додаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки ҳамлаҳо ба Курдистони Ироқ дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва “Ҷабҳаи муқовимат” аст ва дар ин ҳамлаҳо яке аз қароргоҳҳои ҷосусии Исроил аз байн бурда шудааст.
Онҳо изҳор намуданд, ки пойгоҳи “гурӯҳҳои террористии зидди Эрон” нест карда шудаанд.
“Дар посух ба ҷиноятҳои террористии ахири душманони Эрони исломӣ, ситоди ҷосусӣ бо мушакҳои баллистикии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамла ва нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти низомиён.
Ҳамчунин, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ба мавқеъҳои ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Сурия зарба задааст, хабар медиҳад, шабакаи Алҷазира бо истинод ба изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.
Хабаргузории “Рейтерз” дар гузорише навиштааст, ки садои таркиш аз минтақае дар ҳудуди 40-километрии шарқи Арбил ва наздикии консулгарии Амрико шунида шудааст. Эрон ҳамчунин, гуфт, ба ҳашт иншооти назди консулгарии Амрико дар шаҳри Эрбил зарба зад.
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, нерӯҳои Сипоҳ на танҳо ба консулгарӣ, балки ба пойгоҳҳои низомии Амрико низ ҳамла карданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки иншооти Амрико дар Ироқ осеб надидаанд. Ин маълумотро баъдтар котиби матбуотии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Адриен Уотсон дар суҳбат бо РИА Новости тасдиқ кардааст.
Вай қайд кардааст, ки мақомоти ИМА ин ҳамлаҳоро “бепарвоёна ва нодуруст” мешуморанд.
“Мо бо мақомоти баландпояи Ироқ ва ҳамчунин бо мақомоти Курдистон дар тамос ҳастем. ИМА ба арзёбии ҳодисаи рухдода идома медиҳад, аммо арзёбии ибтидоии Вашингтон ин аст, ки ин “як силсила ҳамлаҳои бепарвоёна ва нодуруст”-и Эрон аст”, - гуфтааст ӯ
Хабаргузории Reuters хабар медиҳад, ки дар ин ҳамалаҳо ду нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ABC News дар бораи чаҳор қурбонӣ хабар додааст. Хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъаш менависад, ки дар миёни кушташудаҳо тоҷири миллионери курд Пешрав Дизайӣ ва чанд узви хонаводаи ӯ ҳастанд.
Шабакаи ABC News бо такя ба як манбаъ дар хадамоти амниятии Ироқ хабар медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дар Эрбил мутаваққиф шудааст ва зарбаҳо “хеле шадид” будааст.
Шӯрои амнияти ҳукумати Курдистони Ироқ дар баёнияе эълон кард, ки дар ҳамлаи Арбил дастикам чаҳор ғайринизомӣ кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд. Ин ниҳод ҳамлаҳои ҳавои Сипоҳи посдоронро “ҷиноят” хондааст.
Чанд соат пас аз ин ҳамлаҳо, Масрур Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ бо нашри баёнияе дар шабакаи Х (Твиттери пешин) ҳамлаҳои Сипоҳи посдоронро маҳкум кард ва гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо чандин ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Ӯ аз ҳукумати марказӣ дар Бағдод хостааст, ки дар баробари ҳамлаҳо мавзеъгирӣ кунад.
Ҳамлаи мусаллаҳон дар вилояти Систон ва Балучистон ҳудуди як моҳ қабл сурат гирифт ва бар асари он дастикам 12 корманди пулиси Эрон кушта шуданд. Гурӯҳи “Ҷайш-ул-Адл” масъулияти онро ба ӯҳда гирифта буд.
Рӯзи 3 январ дар Кирмон ду таркиш дар ҷараёни маросими дафн дар қабри генерал Қосим Сулаймонӣ рух дод. Қариб 90 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ДИИШ* бар ӯҳда гирифт.
*дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста