Аз ҳодисаҳои фоҷиабори 20-уми январи соли 1990, ки дар саҳфаи таърихи Озарбойҷон ҳамчун фоҷиаи “Январи хунин” сабт гардидааст, 34 сол сипарӣ мешавад.

Шаби 19 ба 20-уми январи соли 1990 бо фармони роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷузъу томҳои артиши Шӯравӣ ва нерӯҳои махсус, инчунин контингенти нерӯҳои дохилӣ намоиши осоишта дар шаҳрҳои Боку, Сумгаит, Ланкарон ва Нефтчаларо саркӯб кард, ки дар натиҷа мардуми осоишта, тифлон, занон ва пиронсолон кушта шуданд.

Дар умум, зимни саркӯби намоиши осоиштаи мардум, 150 нафар аҳолии осоишта ҷон бохта, 744 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт ва 4 нафар бедарак гардид.

Артиши Шӯравӣ бо ҳадафи зӯран пахш намудани ҳаракати миллии озодихоҳӣ ба Озарбойҷон фиристода шуда буд. Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати табъизонаи раҳбарияти ИҶШС нисбат ба мардуми Озарбойҷон, садҳо ҳазор озарбойҷонӣ аз сарзаминҳои таърихии худ дар қаламрави Арманистони имрӯза бадарға шуданд. Дар пайи даъвоҳои арзии Арманистон нисбат ба Қарабоғ қонунҳои байнулмилалӣ ва Конститутсияи кишвар дағалона вайрон карда шуд ва ин ҳама ба куштори бесобиқаи мардуми осоишта боис гардид.


Дарҳол баъд аз ҳодисаҳои фоҷиаовар, 21-уми январи соли 1990, пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев дар намояндагии доимии Озарбойҷон дар Маскав ҳамбастагии худро бо мардуми хеш нишон дода, ин ҷинояти содиршударо шадидан маҳкум кард ва талаб намуд, ки ба ин қатлу куштор баҳои ҳуқуқиву сиёсӣ дода шавад ва гунаҳгорони он ба муҷозот кашида шаванд.

Бегоҳи рӯзи 21-уми январ ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои олии ҶШС Озарбойҷон даъват гардид ва дар он вуруди қӯшунҳо ғайриқонунӣ дониста шуда, қарори ҳайати Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи эълони вазъияти фавқулода дар шаҳр боздошта шуд. Изҳор гардид, ки агар дастгоҳи марказӣ ин қарорро нодида гирад, масъалаи хуруҷи Озарбойҷон аз ИҶШС ба миён гузошта хоҳад шуд.


Дар баённомае, ки баъдтар комиссияи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶШС Озарбойҷон оид ба тафтиши воқеаҳо интишор кард - вуруди қӯшунҳоро ба Боку “амали ҷиноятие, номид ки боиси марги оммавии аҳолии осоишта гардид”.

“Сокинони шаҳр қаблан аз эълони вазъияти фавқулода огоҳ набуданд. Танҳо баъди ҳафт соати оғози амалиёт эълони коменданти харбӣ пахш шуд. Ҷузъу томҳои ҳарбӣ ба шеваи ғайриинсонӣ ва бераҳмона вориди Боку шуд ва ҳар нафари аз пеши он баромада ҷони худро аз даст медод”, - гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат.

Дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси Миллӣ (парлумон), ки моҳи феврали соли 1994 баргузор гардид, куштори ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ дар рӯзи 20-уми январи соли 1990 таҷовузи ҳарбӣ ва ҷиноят арзёбӣ гардид ва моҳи марти соли 1994 “Дар бораи воқеаҳои фоҷиавии 20-уми январи соли 1990 дар шаҳри Боку қарор қабул карда шуд”.

Ҳамин тавр, 20-уми январ дар Озарбойҷон Рӯзи мотами миллӣ эълон гардид, ки ҳар сол ёд мегардад.

Фоҷиаи 20-уми январ дар ташаккули ҳувияти миллии Озарбойҷон таъсири ҳалкунанда дошта, лаҳзаи тақдирсозе дар барқарорсозии истиқлолияти давлатии Озарбойҷон буд. Ҳалқи Озарбойҷон, ки 34 сол муқаддам дар маърази таҷовузи ҳарбӣ, сиёсӣ ва маънавии Ҳокимияти Шӯравӣ қарор гирифта буд, тавонист садоқати худро ба анъанаҳои таърихии мубориза бурдан нишон диҳад.


Президенти кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба мардонагӣ ва хидматҳои шаҳидони рӯзи 20-уми январ нисбат ба Ватан баҳои баланд додааст: “Хотираи ҳамаи шаҳидони 20-уми январ, ки баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватан ҷони худро нисор кардаанд, бояд дар қалби мо то абад боқӣ монад. Фикр мекунам, ки Озарбойҷони имрӯзаи соҳибистиқлол сарвати бузурги халқи мост. Саҳми шаҳидони мо дар ин кор азим аст. Инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард”.

Озарбойҷониҳое, ки ҷони худро дар он рӯзи хунин баҳри ҳифзи адолат нисор карданд, саҳифаи рахшандае дар солномаи қаҳрамонии ҳалқи Озарбойҷон дарҷ намудаанд.


20-уми январи соли 1990 - рӯзест, ки дар таърихи Озарбойҷон дар баробари фоҷиаҳо ҳамчун рӯзи ифтихори миллӣ сабт шудааст, халқи Озарбойҷон ба тамоми ҷаҳон эълон кард, ки сазовори зиндагии озод, соҳибихтиёр ва мустақил аст.

Пас аз 30 соли ин фоҷеа Артиши Озарбойҷон дар соли 2020 қаламрави кишварро аз ишғоли Арманистон озод кард ва 20-уми сентябри соли 2023 соҳибихтиёрии худро бар тамоми кишвар барқарор намуд.

Аммо бо гузашти 34 сол аз саркӯбии бераҳмонаи намоиши осоишта то ҳол ба он баҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дода нашудааст. Ҳеҷ яке аз роҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки масъули ин фоҷеа ҳастанд, ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд.


Тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳодисаи рӯзи 20-уми январи соли 1990 ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият арзёбӣ шуда, супоришдиҳандагон ва омилони он бояд муҷозот шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.