Аз ду рӯз инҷониб ҳазорон шаҳрванди Афғонистон дар беш аз 30 шаҳри ҷаҳон барои эътироф ва қатъи “наслкушии ҳазорҳо” ва эътироз алайҳи асорати занону духтарон аз сӯи Толибон* раҳпаймоӣ мекунанд.
Ба навиштаи рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон, ки берун аз ин кишвар фаъолият мекунад, ҳазорон нафар эътирозгарон дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, Канада, Олмон, Фаронса, Бритониё, Покистон ва дигар кишварҳое, ки шаҳрвандони Афғонистон ҳузур доранд, аз Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар хостаанд, ки “наслкушии ҳазораҳо ва апартеиди ҷинсиятӣ” дар Афғонистон қатъ ва эътироф карда шуда, ҳамчунин аз боздошти занону духтарон бо баҳонаи риоя накардани “ҳиҷоби толибонӣ” пешгирӣ кунанд.
Ба иддаои ин эътирозгарон мавҷи нави ҳамлаҳои ҳадафмандона ва системавӣ дар манотиқи ҳазоранишини Афғонистон оғоз шудааст.
Эътирозгарон дар аксари шаҳрҳои ҷаҳон бо шиорҳои “наслкушии ҳазорҳоро боздоред” ва “нест бод режими Толибон” ба тазоҳуроти эътирозӣ шурӯъ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз эътирозгарон аз тазоҳуроти густурда истиқбол карда, идомаи тазоҳурот дар чаҳорчӯби қонуниро тақозо кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, рафтори Толибон нисбат ба шаҳрвандони Афғонистон, бахусус ҳазораҳо ва занон, як намунаи возеҳи “ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва апартеиди ҷинсиятӣ" аст, ки бояд тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ дар низоми байнулмилалӣ пайгирӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Дафтара Ҳайати муованати СММ (UNAMA) низ дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки занону духтарон “умдатан дар манотиқи ҳазора ва тоҷикон” аз сӯи Толибон бо баҳонаи итоат накардан ба ҳиҷоби эълонкардаи ин гурӯҳ боздошт мешаванд. Ба гуфтаи UNAMA, Толибон ба ҷорӣ кардани мамнӯъиятҳо ва маҳдудиятҳо алайҳи занон ва интиқом аз сарбозони собиқ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳо идома медиҳанд.
Бояз зикр кард, ки Толибон аз тобистони соли 2021 ба таври номашрӯъ зимоми қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд ва “қонуну қоида”-и худро дар ин кишвар ҷорӣ мекунанд. Ҳукумати онҳо аз ҷониби ҳеҷ давлате эътироф нашудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста