Дирӯз, 18-уми феврал Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми музокироти намояндагони ИМА ва Русия дар Риёзи арабисти Саудӣ дар нишасти хабарӣ дар Флорида дар посух ба интиқоди Владимир Зеленский аз ин нишаст, гуфтааст, “Киев барои худдорӣ аз ҳамлаи Маскав бояд се сол пеш бо Русия созиш мекард”.
Мавзуҳои асосии ин мулоқот, ки наздики 5 соат давом кард, масъалаи ҷанг дар Укроин, муносибатҳои Русияву Амрико ва фароҳам кардани вохӯрии Владимир Путин бо Доналд Трамп буд. Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи намояндагони ду кишвар пас аз оғози ҷанг дар Укроин аст.
Дар ин музокирот, Русияро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳур ва Кирилл Дмитриев намояндагӣ карданд. Аз ҷониби Амрико Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси ин кишвар дар Ховари Миёна иштирок доштанд.
Марко Рубио ин мулоқотро мусбат, аммо оғози як роҳи душвор тавсиф кардааст. Ӯ баъди музокирот ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин дидор аввалин қадам дар як сафари тӯлонӣ ва душвор аст. Ба гуфтаи Марко Рубио, ҳадафи музокираи мустақим бо Русия ба таври одилона ва пойдор поён додани ҷанг дар Укроин аст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Сергей Лавров гуфтааст, пайвастани Украина ба НАТО ё ҳузури нерӯҳои аврупоӣ дар қолаби НАТО дар хоки Укроин барои Маскав қобили қабул нест.
Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия низ гуфтааст, ки мулоқот хуб гузашт.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқот “хеле ҷиддӣ” сурат гирифта, тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи музокиракунанда ташкил дода, вазъият дар Укроинро дар вақти муайян баррасӣ кунанд.
Вай илова кардааст, ки дар ҳайати музокиракунандаи Русия кӣ хоҳад буд ва кай дар ин маврид тамосҳо оғоз мешаванд, раисҷумҳур Путин тасмим мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Ушаков дар бораи мулоқоти эҳтимолии раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Амрико гуфтааст, ки дар ин бора бо намояндаҳои тарафи дигар ҳарф задаанд, аммо дар гумон аст ин мулоқот ҳафтаи оянда баргузор шавад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз баргузории музокирот миёни Амрико ва Русия бе ҳузури Украина интиқод карда, сафари худро ба Арабистони Саудиро, ки қарор буд имрӯз, 19-уми феврал анҷом шавад, барои се ҳафта тамдид кардааст.
Ӯ гуфтааст, "мо намехоҳем, ки касе бе мо барои мо тасмим бигирад... бидуни Укроин ҳеҷ тасмиме наметавон барои поён додан ба ҷанг дар Укроин гирифт".

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар вокуниш ба интиқоди Владимир Зеленский дар мавриди ҳузур надоштани намояндагони Украина дар музокироти Риёз худи ӯро гунаҳкор дониста, зикр кардааст, ки “онҳо се сол вақт доштанд ва муддати тӯлонӣ пеш аз он ҳам буд, метавонистанд масъаларо осон ҳал кунанд”.
Доналд Трамп ҳамчунин иддао кардааст, ки “агар ӯ президенти ИМА буд, ин ҷанг ҳеҷ гоҳ рух намедод”.
Ӯ гуфтааст, дар Украина бояд интихобот баргузор шавад ва ӯ ба ҷойгир кардани қувваҳои НАТО дар Украина дар сурати вуҷуд доштани созишномаи сулҳ мухолиф нест.
"Ин дигар мавзӯе нест, ки Русия бигӯяд, балки ҳарфи ман аст ва хеле аз кишварҳои дигар ҳам мегӯянд", - гуфтааст Доналд Трамп.
Пас аз оғози ҷанги Укроин, Амрико пуштибони аслии ин кишвар дар задухӯрд бо Русия буд. Дар се соли ҷанг ин кишвар бо сарфи миллиардҳо доллар аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ва сармоягузории мустақим кардааст.
Вале бо омадани Доналд Трамп ба курсии президентӣ дар ин кишвар сиёсати Амрико дар қибол ё бархурд ба ин ҷанг тағйир ёфт. Доналд Трамп сиёсати президенти собиқро дар робита ба Кроин интиқод карда, гуфтааст, ки бар ивази кӯмакҳои молӣ ва низомии ҳангуфт ба Укроин ба коркарди захираҳои маъдани ин кишвар даст ёбад.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста