Ҳусиҳои Яман рӯзи 4-уми май ба фурудгоҳи Бен Гурион дар шаҳри Тел-Авиви Исроил як мушаки болистикӣ партоб карданд, ки бар асари он 6 нафар захмӣ шудааст. Дар пайи ин ҳодиса, Исроил ангушти итиҳомро ба сӯи Эрон нишон дода, гуфтааст, ки ин ҳамла аз Теҳрон сарчашма мегирад. Вале Эрон ин иттиҳомро рад кардаааст.

Мушаки Ҳусиҳои Яман рӯзи якшанбе ба як нуқта дар наздикии терминали асосии фурудгоҳи Бен Гурион  бархӯрд. Пеш аз расидани мушак бонги хатар дар чанд минтақаи Исроил садо додааст.

Расонаҳои исроилӣ гузориш додаанд, ки чаҳор нафар ҳангоми инфиҷори мушак ва ду каси дигар вақти пинҳон шудан ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, роҳи мошингузари ҷои ҳодиса хароб гардидааст.

Дар натиҷа фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурион муваққатан корашро қатъ кардааст. Баъзе ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ низ парвозҳои худро ба Тел-Авив муваққатан боздоштаанд. Бо гузашти чанд соат фурудгоҳ дубора фаъол шудааст.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил гуфтаанд, ки дар ҳоли таҳқиқи онанд, ки  чаро падофанди (системаи дифоъи) ҳавоӣ натавонистаанд мушакро раҳгирӣ ва нобуд кунанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Ҳусиҳо дар як изҳороти телевизионӣ гуфтааст, ки фурудгоҳи Исроил “дигар барои сафари ҳавоӣ амн нест”.

Яҳё Сареъ
Акс аз Ройтерз

Ҳусиҳо, ҳамчунин, гуфтаанд, ки ин ҳамла дар посух ба талоши Исроил барои гуфтариши ҳамалоти низомии худ дар Ғазза аст. Онҳо таъкид кардаанд, ки бо ҳадафи бастани осмони Исроил барои парвозҳои мусофирбарӣ боз  ба фурудгоҳи ин кишвар ҳамла хоҳанд кард.

Дар изҳороте, ки Ҳусиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоми якшанбе нашр карданд, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳушдор доданд, парвозҳои худро ба Исроил қатъ кунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе дар паёми видеоие гуфтааст, ки ба ин ҳамлаи Ҳусиҳо посух дода мешавад.

“Вориди ҷузъиёт наметавонам бишавам... (Посухи мо, - BBC) на як зарба, балки чанд зарба хоҳад буд”, - гуфтааст ӯ.
Бенямин Нетаняҳу
Акс аз AP / Julia Nikhinson

Бенямин Нетняҳу сарчашмаи ин ҳамларо аз Эрон дониста, гуфтааст, ки “ҳам Ҳусиҳо ва ҳам арбобони эронии онҳо” таъми ҳамлаи ҷавобии Исроилро хоҳанд чашид. Ӯ афзудааст, ки замону макони ҳамларо Исроил интихоб хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо нашри як баёния гуфтааст, ки ба Эрон “нисбат додан”-и ҳамлаи мушакии Ҳусиҳо ба фурудгоҳи Тел-Авив “иддаъои гумроҳкунанда ва инҳирофӣ” аст. Дар ин баёния таъкид шудааст, ҳамла ба фурудгоҳи Бен Гурион тасмими “мустақил”-и яманиҳо аст.

Амрико ва Исроил Ҳусиҳоро, ки пойтахт ва бахши бузурге аз Яманро назорат мекунанд, “нерӯҳои ниёбатии Эрон” медонанд. Аммо Теҳрон борҳо эълон кардааст, ки дар минтақа "нерӯҳои ниёбатӣ" надорад.

Ҳусиҳои Яман пас аз ҳуҷуми Исроил ба Ғазза дар ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза ба Исроил мушак партоб мекунанд. Аммо Исроил хеле кам асобати ин мушакҳоро ба хоки худ таъйид мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.