Ширкати чиниии "PFM Co.,Ltd", ки майдони нави футболи Душанберо сохта итодааст, дар як навор намои онро нишон додааст.
Сохтмони ин майдон дар пойтахт ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта буд ва интизор мерафт, ки дар соли 2021-дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вале дар ин вақти гуфташуда сохтмон ба аноҷм нарасид.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар баробари чанд иншооти дигар, ин варзишгоҳ низ аз имтиёзҳои андозӣ, аз ҷумла, аз пародохти андоз озод гардидааст.
Сабаби дар вақти зарурӣ ба итмом нарасидани сохтмони варзишгоҳ номаълум аст.
Телевизиони “Варзиш” бо нашри ин навор навиштааст, ки “варзишгоҳи нави шаҳри Душанбе соли 2026 дар ҷашни 35 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад”.
Қаблан Федератсияи футболи кишвар хабар дод буд, ки ин варзишгоҳ дорои 30 ҳазор ҷой нишаст буда, масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст.
Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар “Ҷазира”) оғоз гардида буд. Барои сохтмони он наздики 300 бинокор аз 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб шуда буданд.
Дар ошёнаи якум зери минбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ ҳуҷраи ивази либоси варзишгарон ва доварон, ҷойи шустушӯй ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин толорҳои машқ ва қаҳвахона сохта мешаванд.
Барои меҳмонони воломақом сохтмони ҷойи нишасти махсуси VIP дар баландии 18 метр дар назар аст. Инчунин барои меҳмонон боз 448 ҷой, майдони сайругашт дар баландии зиёда аз 9 метр ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Ҳар кадоме аз минбарҳои варзишгоҳ даромади алоҳида хоҳад дошт. Дар наздикии қаламрави варзишгоҳ сохтмони иншооти зерсохтор ва ёридиҳанда, инчунин таваққуфгоҳ барои 2 ҳазор автомашина ба нақша гирифта шудааст.




Гарм, вале бо борону раъду барқ: ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 39
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 марти соли 2026
Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна
Дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ. Ба накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода
“Дар зери чароғакҳо хайр накунед!” Изҳороти Шӯрои уламо дар бораи хайрияе, ки боиси тамбашавии роҳҳо мешавад
Кӣ ва чӣ қадар ба лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад?
Яке дар боздошт, дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ. Ду корманди пулиси Хатлон ба қаллобӣ гумонбар мешаванд
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста