Субҳи имрӯз, 18-уми март, соати 05:01 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буд.
Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.
Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.
Пеш аз ин субҳи рӯзи 9 март дар қаламрави кишвар заминларза рух дода буд. Он замон қувваи заминларза дар марказаш 4,5 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дода буд.
Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаҳои қувваашон начандон зиёд ба амал омаданд. Заминларзаи нисбатан қуввааш зиёдтар субҳи рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.
Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.
Айни замон санҷишҳо ҷараён дошта, дар ин маводи мо огаҳӣ меёбед, ки шаҳри Душанбе ба чӣ қадар қувваи заминларза тобовар аст.