Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.
Дар робита ба ин, рӯзи 16-уми феврал фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои таъсиси як комисияи вижа ба имзо расидааст.
Дар фармоиш, ки нусхаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфт, гуфта мешавад, ки санҷиш дар бино ва иншоотҳои дар давраи солҳои 2018-2022 ба истифода дода шуда ва сохтмонҳои нотамом гузаронида мешавад.
Як масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, воқеан, чунин фармоиш ба имзо расидааст ва рӯзи 22-юми феврал санҷиш дар биноҳо оғоз мешавад.
Ӯ афзуд, ҳамаи дастгоҳҳои зарурӣ дар озмоишгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мавҷуд аст ва мутахассисон бо истифода аз онҳо мустаҳкамии биноҳо ва ба заминҷунбӣ тобоварии онҳоро месанҷанд.
“Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои биноҳо ва риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мавриди санҷиш қарор мегирад”,- гуфт ин масъули Кумита.
Аммо ӯ оид ба шумораи биноҳои санҷидашаванда ва муҳлати фаъолияти комиссия иттилоъ надод ва ҳамчунин нагуфт, ки дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо масъулини ширкати сохтмониро чӣ ҷазо интизор аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳайати комиссия, як муовини раиси кумита (раиси комиссия), сардори Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии кумита, муовини сардори хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, директори Инститтути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои кишвар, директори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”, директори КВД “Лоиҳакаш” ва муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷаттҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ шомил мебошанд.
Комиссияи корӣ вазифадор шудааст, ки нақшаи кории баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро дар бино ва ишоотҳои сохташаванда тартиб дода, дар асоси он фаъолиятро ба роҳ монад.
“Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон то 10-уми марти соли 2023 маълумот пешниҳод кунанд”, - омадааст дар фармоиш.
Ҳамчунин, дар гурӯҳҳои корие, ки барои назорати биноҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар таъсис ёфтааст, мутахассисони Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон ва “КВД” Лоиҳакаш” ҷалб шудаанд.
Дар робита ба баҳодиҳии эҳтимоли рух додани заминларзаи шадид дар пойтахт ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои баландошёна амри раиси шаҳри Душанбе ҳам барои таъсиси гурӯҳи корӣ ба имзо расидааст.
Дар фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ зикр шудааст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи ин амри раиси шаҳр амал намоянд.
Санҷиши баландошёнаҳои Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар дар ҳолест, ки қаблан Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфта буд, “биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд”.
Ӯ рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз зилзидлаи 6,6 бала дар Душанбе, ки чанд сол пеш рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.
Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.
Номбурда хабар дод, ки бо ишора ба заминҷунбии шадиди чанд рӯзи охир дар Туркия ва Сурия иқдом гирифтанд, дар назди Раёсати экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис диҳанд.
“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.
Мутахассисони соҳа ва аксари сокинони Душанбе бошад, аз он шикоят доранд, ки биноҳои баландошёна ба ҳам наздик ва бе риояи қоидаҳои сохтмон бунёд карда мешавад ва ин хатарнок аст.
Ёдовар мешавем, ки дар заминҷунбии 7,8 балае, ки 6-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия ва Сурия ба амал омад, садҳо хона хароб гашта, дар асоси омори охирин, дар маҷмӯъ, беш аз 40 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста