Даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб намуданд. Тавре Радиои Озодӣ менависад, ӯ дар пайи шиканҷаи кормандони милисаи шаҳр ба ҳалокат расидааст, аммо ВКД изҳор менамояд, ки ин ҷавон аз “истифодаи зиёди амфетамин” ба вафот намуд.
Ин расона менависад, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт.
Сафар Гиёев, тағои Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “дар дасташ изи дастбанд аст” ва “баданаш пур аз осори шиканҷа” мебошад. Бинобар ин, ба гуфтааш, дар назди сардхона ҷамъ шуда, талаб карданд, то сабабгорони марги ҷиянаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
“Милисаҳое, ки шаб ӯро бурда буданд, бояд ҷавоб диҳанд”, - гуфтааст Сафар Гиёев.
Дар ҳамин ҳол, ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милисаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Пиронов Акбар Самадқулович, соли таваллудаш 01.10.1986, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ки қаблан бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир ва аз ӯ 356 гр ҳашиш дарёфт карда шуд.
“Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, соли таваллудаш 28.02.1986, миллаташ тоҷик, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Даминзода, хонаи 289, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст”, - менависад ВКД.
Дар изҳороти ВКД таъкид мешавад, ки 3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, аз хонаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
“Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, - менависад ВКД.
Наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов бошанд, иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст ва қазия бояд мунсифона таҳқиқ шавад.
Барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур прокуратураи минтақаи Кӯлоб парванда боз кардааст.
Гуфта мешавад, ки Абдуқаҳҳор Розиқов чанд сол пеш ба гумони муомилоти маводи мухаддир боздошт ва 12 сол зиндонӣ шуда буд. Ба қавли наздикон муҳлати ҷазояш тамом нашуда, аммо шартан дар озодӣ буд ва ҳар ҳафта дар борааш ба пулис гузориш медод.
Амакаш Ромиш Розиқов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, маъмурони милиса шаб хонаашонро кофтукоб карданд, вале "Милисаҳое, ки ӯро бурданд, мешиносем. Ба беморхона бурдаанд, духтурон гуфтаанд, аллакай мурдааст, ба МОРГ баред. Мошинааш то ҳол пушти дари милисахона аст," – афзудааст ӯ.
Дар гузашта низ дар Тоҷикистон дар ҷараёни бозпурсии мақомоти милитсия ё Агентии назорати маводи нашъаовар чанд ҳодисаи ба ин монанд рух дода буданд. Мақомот чунин ҳодисаҳоро ба ногаҳон бозистодани кори дил, истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ё кӯшиши фирор аз ҷониби боздоштшудаҳо рабт медиҳанд.
Аз ҷумла, сокини Ваҳдат Меҳроҷиддин Гадозода 10 апрели соли 2021 ба гумони даст доштан дар дуздӣ ба шуъбаи ВКД-и шаҳр ба бозпурсӣ даъват шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба пайвандонаш супурданд.
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда аз тирезаи ошёнаи 3-юми Шуъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат худро ба замин партофта, дар бемористон ҳалок шудааст. Амоо хешовнадони Меҳроҷиддин Гадозода мегӯянд, ӯ бар асари истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милитсияи маҳаллӣ ҳалок шудааст.
Абдурасул Назаров, сокини 40-солаи Кӯлоб 28 марти соли 2018 аз ҷониби 2 корманди Шуъбаи ВКД ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар боздошт шуд. Субҳи рӯзи дигар ҷасади Абдурасул Назаров бо осори захму латукӯб ба хешовандонаш дода шуд. Наздиконаш изҳор дошта буданд, ки Абдурасул то марг шиканҷа шудааст.
Дар шуъбаи милитсияи Сино-2 ба хешовандонаш хабар додаанд, ки Абдурасул Назаров бар асари аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи нашъаовар ҳалок шудааст. Баъди ду моҳ прокуратура дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “Шиканҷа” хабар дод, лекин ҷузъиёти он то ҳол маълум нест.
Баҳромиддин Шодиеви 20-сола соли 2011 аз ҷониби кормнадони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур ба гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт шуда, бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Пас аз 10 рӯз ӯ ҳалок шуд.
ВКД Тоҷикистон дар ин робита расман изҳор намуд, ки Шодиев аз ошёнаи дуюми ШВКД худро ба замин партофтаааст. Пайвандони Баҳромиддин мутмаинанд, ки ҳақиқатро аз онҳо пинҳон медоранд ва ӯ бераҳмона латукӯб шуда, дар шуъбаи милитсия мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъди чанд рӯз ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар ҳалок шуд.
Пайвандони Шамсиддин изҳор доштанд, ки ӯ бар асари лату кӯб ва шиканҷа ҳалок шудааст. Аммо дар Агентии назорати маводи нашъаовар марги ӯро ба норасоии кори дил рабт доданд.
Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ охири моҳи августи соли 2015 боздошт шуда, баъди як ҳафта дар бемористон ҳалок шуд.
Хешовандонаш изҳор намуданд, ки кормандони милитсия ӯро бо сабаби риш доштанаш лату кӯб кардаанд. Он замон чанде аз кормандони милитсия гуфта буданд, ки Умар Бобоҷонов дар ҳолати мастӣ қарор дошту афтида, аз ҳуш рафт.
Шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздоштшудагону гумонбарон дар боздоштгоҳу зиндонҳо яке аз мавзӯъҳоест, ки Тоҷикистон барои он ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ ва байналмилалӣ қарор мегирад.
Мақомот ҷой доштани далелҳои рафтори бераҳмонаро инкор намекунанд, лекин мегӯянд, ки ин танҳо ба ҳолатҳои алоҳида дахл дорад ва падидаи густарда нест.