Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.
«Бо мақсади муайян кардани далелҳо, яъне дарвоқеъ ҳам даст доштани кормандони ШВКД ба марги боздоштшуда Абдурасул Назаров мо санҷиши дохилиро оғоз намудем. Прокуратураи шаҳри Душанбе низ санҷиш мегузаронад. Аз натиҷаҳои он баъдан васоити ахбори оммаро огоҳ мекунем», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.
Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 28 март кормандони Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 28 март сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаровро, ки бо оилааш муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат дошт, боздошт кардаанд. Рӯзи 29 март кормандони милитсия ӯро ба Маркази миллии тиббӣ меоранд.
Дар қабулгоҳи марказ табибон баъди муоина марги ӯро тасдиқ мекунанд: яъне вақте кормандони милитсия ӯро ба бемористон меоранд, ӯ аллакай мурда буд, хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло).
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, А.Назаровро кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. Як рӯз пеш аз боздошти А.Назаров, бо як миқдор маводи нашъаовар сокини пойтахт боздошт шудааст, ки ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзида шуд.
Зимни бозпурсӣ ӯ баёнот додааст, ки ин миқдори маводи нашъаоварро ӯ барои минбаъд паҳн кардан аз Абдурасул Назаров гирифтааст.
«Баъди ба бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино овардан, Назаров ба сактаи дил (инфаркт) гирифтор шуда, дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ.
Ӯ ба «Азия-Плюс» итминон дод, ки табибони қабулгоҳи Маркази миллии тиббӣ марги ӯро аз бемории дил дар ҳуҷҷатҳо сабт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Садбарг Бобохонова, ҳамсари А.Назаров дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки «дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд, дастонаш, як тарафи сараш захм дорад, дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста