Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дузд ӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола баъди аз ш ӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ш ӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибб ӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид.
Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афкандааст.
«Баҳромиддин Шодиев қаблан се бор маҳкум шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт гардид. Ҳамаи далелҳо исбот ва гумонбаршуда гуноҳи худро эътироф карда, далелҳои шайъӣ мусодира гардида буданд. Ҳангоми бозпурсӣ дар назди муфаттиш ӯ аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканд. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил карданд. Пас аз чанде вазъи саломатии ӯ беҳтар шуд, вале Шодиев бар асари бемории узвҳои дохилӣ ва касалии сил ба ҳалокат расид», - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.
Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.
Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Модари дастгиршуда Ниёзбибӣ Бӯриева ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки писараш истеъмолгари мухаддарот буд ва ӯ ҳамон рӯз мехост писарашро ҷиҳати табобат ба беморхона барад. «Аммо чанде дуртар аз хона ӯро чор нафар кормандони милиса дастгир карда, бо худ бурданд, - гуфт ӯ. - Пас аз як рӯз ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ беҳуш мехобид. Барои баргузории ҷарроҳӣ розигии ман зарур буд, аз ин рӯ, кормандони милиса ба ман хабар доданд, ки писарам дар беморхона аст».
Ба қавли модари Шодиев, пас аз чанд рӯзи ҷарроҳӣ писараш ба худ омад ва ӯро ба палатаи умумӣ гузарониданд. «Ҳамон вақт писарам гуфт, ки ӯро кормандони милиса бераҳмона латукӯб карда, маҷбур сохтанд, ки ҷиноёти содирнакардаро ба дӯши худ бигирад. Дар назди писарам корманди милиса истода буд ва ӯ дар ҳузураш нақл кард, ки дар рӯзи боздошт ӯро задаанд ва бо қувваи барқ шиканҷа додаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми шиканҷа даҳони ӯро бо скотч бастаанд, то ки доду фарёдашро касе нашунавад. Вақте ӯ дар ҳолати нимбеҳушӣ буд, ба гӯшаш расидааст, ки кормандони милиса дар бораи аз ошёнаи дуюм худро ба поин афкандан ва бар асари он ҷароҳат бардоштани ӯ забон як мекунанд», - мегӯяд Бӯриева.
Баъд аз чанде вазъи саломатии Шодиев бад гардида, ӯро дубора ба шӯъбаи эҳёгарӣ гузарониданд. Рӯзи 30-юми октябр Шодиев ба ҳуш наомада, фавтид.
Модари ӯ бар ин бовар аст, ки фарзандаш дар натиҷаи латукӯби бераҳмона ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст. «Агар писари ман ягон амали ғайриқонунӣ содир карда бошад, бояд аз рӯйи қонун ҷавоб мегуфт ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт, ки ӯро то мурданаш бизанад», - гуфт ӯ.
Дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам рӯзи 20-уми октябр Б. Шодиев дар ҳолати хеле вазнин ба ин шӯъба оварда шудааст.
«Мо захми вазнини косхона ва мағзи сари ӯро ташхис карда, ҷарроҳӣ намудем ва пас аз ҷарроҳӣ вазъи саломатии ӯ каме беҳтар шуд. Рӯзи дуюм ӯ ба палати умумӣ гузаронида шуд, вале баъди чанде ҳолати ӯ вазнин гардида, санаи 30-юми октябр ӯ фавтид», - гуфт як табиб, ки нахост номаш ифшо гардад.
Ҳодисаи ба ин монанд баҳори соли равон бо Сафаралӣ Сангов рух дод. Ӯ ҳам пас аз мунтақил шудан аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и пойтахт дар Маркази миллии тиббӣ фавтид. То ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда нисбат ба кормандони милисаи ин шӯъба - Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Ҳар ду корманди милиса ба хунукназарӣ нисбат ба адои вазифаи худ айбдор карда мешаванд. Пас аз боздошти Сафаралӣ Сангов ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ӯ ба шӯъбаи эҳёгарӣ мунтақил шуда, дар он ҷо аз олам даргузашт. Хешовандони фавтида мегӯянд, ки ӯ бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст. Дар навбати худ, кормандон милиса фавти ӯро ба худкушӣ нисбат доданд.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони маъруфи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International ва Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, зимнан аз марги Сангов изҳори нигаронӣ карданд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шоди3 ноябр, 2011 11:04
Салом! Бародарон. Ман як мухочири точик дар Руссия мебошам. Ахли оилаи мо дар ш.Душанбе зиндаги мекунанд. Гарчанде ман дур аз Ватан хам бошам, лекин доимо дар ёди Ватан хастам. Аз хар як вокеаи дар Ватан руй дода саривакт хабардор мешавам. Аз ходисаи марги Бахриддин низ хабрдор шуда, бисёр гамгин шудам. Худо чояшро чаннат гардонад. Аз Aziaplus.маълум гашт, ки ин шахс се маротиба пеш суд шуда буд ва касалии нашъаманди дошт ва барои дузди ба ШКД оварда шуда будааст. Кормандони милитсия барои химояи хукуку озодихо ва молу мулки сокинон аз дуздону горатгарон чи машакатхое намекашанд. Ба кадри ин мехнати онхо хам расидан лозим аст. Чамъияти мо бе милитсия дуруст буда наметавонад.