Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон аз боз шудани роҳҳои заминӣ, аз ҷумла барқарор шудани хатсайрҳои мунтазами автобус ва роҳи оҳан бо Қазоқистон хабар дод. Дар иттилоъе, ки расонаҳои ӯзбекӣ нашр намудаанд, гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 16 марти соли 2022 хатсайри мунтазами автобусҳо байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқарор шудааст.

Вале дар бораи рӯзи муайяни барқарор шудани хатсайри мунтазами роҳи оҳан байни ду давлат хабар дода намешавад.

Ба далели ин, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистон ба Русия ва ё Қазоқистон мераванд, тасмим гирифтем, дар бораи нарх ва шарту шароити боз шудани роҳҳои заминӣ байни ду давлат равшанӣ андозем.

Роҳкирои автобусҳо байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон чанд аст?

Хабаргузории “Фергана” менависад, ки автобусҳои ӯзбекӣ мусофиронро аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Қизилордой, Туркистан ва Иргили Қазоқистон мебаранд. Ҳамчунин, ду хатсайри автобус  мусофиронро аз  Чирчиқи Ӯзбекистон то ба Шимкенту Алматои Қазоқистон мебаранд.

Ба таври расмӣ дар бораи нархи роҳкирои автобусҳое, ки аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон меравад, мақомоти Ӯзбекистон хабар надодаанд, вале чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон ҷадвали автобусҳо ва нархҳои он мечархад.

Тибқи ин ҷадвал, ки гуфта мешавад аз сӯи “Узавтотранс Сервис” омода шудааст, нархи роҳкиро аз Тошканд то Иргил ва Алмато 400 ҳазор сӯм (беш аз 450 сомонӣ), Тошканд- Қизилурда 330 ҳазор сӯм (370 сомонӣ), Тошканд- Нурсултон 550 ҳазор сӯм (630 сомонӣ), Тошканд - Туркистон 180 ҳазор сӯм (200 сомонӣ), Чирчиқ- Алмато 400 ҳазор сӯм (450 сомонӣ) ва Чирчиқ – Чимкент 150 ҳазор сӯм (170 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 19 октябри соли 2021 ҳаракати автобусҳо, ки пойтахти Ӯзбекистон ва шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро мепайвандад, аз сар гирифта шуда буд. Он замон масъулин ба “Азия Плюс” гуфта буданд, ки нархи чипта дар самти Хуҷанд-Тошканд 100 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаи терминали “Asian Express” дар шаҳри Хуҷанд харидорӣ кард. Аз Хуҷанд ҳаракат соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.


Тоҷикон тавассути автобусҳои Ӯзбекистон ба Қазоқистон рафта метавонанд?

Дар ҳамин ҳол, баъди тариқи автобус то ба Тошканд расидан шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд, тавассути автобусҳои Ӯзбекистон ба Қазоқистон сафар кунанд.

Масъули яке аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – “Фотеҳобод” дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне пешниҳоди гувоҳномаи ваксина, ки аз марз гузаранд ва тавассути автобус аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон раванд.

Манбаъи мо ҳамчунин гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, бо мошинҳои шахсии худ низ ба Ӯзбекистон гузаранд.

- Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам метавонанд, ки бо мошинҳои шахсии худ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне пешниҳоди гувоҳномаи ваксинаи коронавирус ба Тоҷикистон биоянд. Ҳеч гуна мушкил дар масъалаи рафтуомад бо мошин ё пиёдагузарон ҳам аз тарафи Ӯзбекистон ва ҳам аз тарафи Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳама ба мисли пештара, яъне тартибу низоме, ки то давраи пандемия буд, рафта омада истодаанд, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамасола дар фасли баҳор, ки мавсими ба муҳоҷират рафтани аҳолӣ аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби гарон будани билети ҳавопаймо тавассути ҳавопаймоҳо ё гузаргоҳҳои заминии Ӯзбекистон ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Ин чиз махсусан дар чанд рӯзи охир зиёд шудааст, чунки бештари хатсайрҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон  парвозашонро аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд мекунанд ва тоҷикон маҷбур мешаванд, тавассути кишвари сеюм – Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ин кишвар ворид шаванд.


Қатор аз Ӯзбекистон кай ба Қазоқистон меравад?

Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати роҳи оҳан байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон кай ба таври дақиқ оғоз мешавад. Вале дар қароре, ки аз ҷониби ниҳоди масъули Ӯзбекистон содир шудааст, гуфта мешавад, ки онҳо ба мувофиқа раисдаанд ва рӯзҳои наздик ҳаракат оғоз мешавад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир бо ҷониби Қазоқистон барои ташкили ҳамлу нақли транзитӣ тавассути қаламрави ин кишвар ба Федератсияи Русия ва Қирғизистон музокира мекунад.

Расонаҳои узбекӣ менависанд, ки Вазорати нақлиёти Русия ба ситоди фаврии мубориза бо коронавируси ин кишвар бо дархости лағви маҳдудиятҳо дар ҳаракати мусофирбарҳои байналмилалӣ муроҷиат кардааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ояндаи наздик Федератсияи Русия метавонад ба равуо тавассути роҳи оҳан ва автобус бо Ӯзбекистон иҷозат диҳад.

Дар сурати оғоз шудани ҳаракати қатора, гуфта мешавад, ки тоҷикон ҳам имкон пайдо мекунанд, ки тавассути он ба Русия раванд.


Бояд гуфт, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон, рӯзи 15 март бо қарори нав ҳамаи маҳдудиятҳои заминияш дар марз бо Тоҷикистонро бекор кард. Ин ниҳод гуфт, ин тасмим бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар мавриди боздиди сайёҳон қабул шудааст.

Ба ин тариқ, мувофиқи қарор, аз 16 март бо доштани шиноснома/сертификатҳои ваксина, ба вуруди ҳамаи шахсон ба Ӯзбекистон бидуни ПСР-тест иҷоза дода мешавад. Дар сурати надоштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан, шахси воридшаванда бояд натиҷаҳои манфии ПСР-тест (бо QR-коди электронӣ)-ро бо худ дошта бошад, ки на зиёдтар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Аз ин пештар Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси Тоҷикистон низ қарор қабул намуда буд, ки сар аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад.

Дар хабарномаи ситод омадааст, ки «ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони  кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.