Аз лиҳози болоравии музди меҳнати миёна дар семоҳаи аввали соли 2022 байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳолди иқтисодии АруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) Қазоқистон пешсаф аст.
Бино ба маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, болоравии маош дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 тариқи зайл аст:
дар Русия — 15%, то 60 101 рубли русӣ ($709);
дар Қазоқистон — 23,7%, то 285 433 танга ($627);
дар Беларус — 17,1%, то 1 554 рубли беларусӣ ($551);
дар Арманистон — 9,6%, то 212 767 дирҳам ($437).
дар Қирғизистон – 11,4%, то 20 943 сом ($234);
Дар Ӯзбекистон тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, болоравӣ 19,1% — то 3,426 млн сӯм ($305)-ро ташкил дод.
Дар Тоҷикистон музди меҳнати миёна 13,7% афзуда, ба 1747 сомонӣ ($155) расид.
Доир ба музди меҳнати миёна ва сатҳи болоравии он дар Туркманистон маълумот дарёфт нашуд.