Дар Душанбе чанде пеш Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, ки дар доираи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, ба анҷом расид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш доир ба масоили об чунин изҳори назар кардааст:

“Минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон давоми 30 сол аҳолӣ ду баробар зиёд шудааст. Мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион шудем. Талабот ба об низ ҳамчунин меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ бунёд кунем, аммо дарёи нав сохта наметавонем, - иброз доштааст ӯ.

- Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин тараққиёт нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёде вобаста ба об вуҷуд доранд, яке аз онҳо, ки ҳоло ҳамаи мо онро эҳсос мекунем- ин тағйирёбии иқлим аст”.
Ҷамшед Шоимзода
Сурат: dushanbewaterprocess.org

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ба 84% захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва 76% - дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад”.

“Ҳамаи ин ба Ҳадафҳои рушди устувор таъсир мерасонанд, ки барои ноил шудан ба онҳо мо бояд кӯшишҳоямонро беш аз 4 маротиба пурзӯр кунем. Барои ин абзори устувор дар сатҳҳои гуногун ва тасмимҳои фаврӣ зарур ҳастанд”, - таъкид доштааст муовини вазир.

Роҳбари барномаи “Осиёи Марказии сабз”-и Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) Каролина Милов дар суханрониаш зикр кардааст, ки “барои баррасӣ ва роҳандзии тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ 10-15 сол боқӣ мондааст”.

“Чунин чорабинии муштарак ба тақвияти ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Шӯроҳои созмонҳои ҳавзавӣ бештар гирдиҳам омада, ҷомеа дар ҳалли мушкилот саҳм мегузорад. Зина ба зина мо ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд”, - иброз доштааст ӯ.
Каролина Милов
Сурат: dushanbewaterprocess.org

Ба гуфтаи номбурда, чорабиниҳо ва тадбирҳои қаблан баргузоршуда баҳри даст ёфтан ба баъзе тағйирот имкон доданд.

“Баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳо имконоти мутахассисон дар соҳаи идоракунии захираҳои об такмил ёфта, қарорҳои бештар асоснок ва муассир қабул мешаванд, - гуфтааст ӯ. - Ҳамчунин бахши хусусӣ ҷалб шуда, ҳуқуқ ва имконоти занону ҷавонон ва намояндагони аз лиҳози иҷтимоӣ беҳимоя тавсеъа меёбад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.