Аз ҳисоби нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и нақлиёт, ки аввали соли гузашта барои соҳибони нақлиёт ҳатмӣ шуда буд, ба буҷети кишвар 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст. Дар ин бора Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати БДА ВКД дар ҳошияи нишасти матбуотии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Пардохт барои нобудсозии нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти мошин як бор супорида мешавад ва маблағи пардохт аз категорияи воситаҳои нақлиёт ва нишодиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, барои соли 2024-ум аз 360 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) то 2880 сомонӣ (40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) буд.
Маблағи “утилизатсия” зимни ба қайд гузоштани мошин ва ё гузаштан аз муоинаи техникӣ супорида мешавад ва БДА ба соҳиби мошин ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад. Баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин ин ниҳод онро бояд дар маҳалли махсус несту нобуд кунад.
Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза 13-уми феврал гуфт, то ҳол майдони барои несту нобуд кардани мошинҳо сохта нашудааст, вале лоиҳаи сохтмони дар ҳоли омодашавӣ аст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345748/photo_2025-02-13_11-19-18.jpg)
Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” гуфт, ки эҳтимол сохтмони чунин майдон 1 ё 1,5 солро дар бар гирад ва баъд раванди нобудсозӣ аз тарафи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ оғоз мешавад.
Вазир гуфт, “баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин он фарсуда ва зарарнокиаш зиёд мешавад, аз ин рӯ, бояд несту нобуд гардад”.
Бояд гуфт, ки маблағи нобудсозии нақлиёт ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст ва соли равон бо зиёд шудани нишондиҳанда ҳаҷми он ҳам аз 15 то 220 сомонӣ зиёд шуд (соли 2024-ум 1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст ва соли 2025 75 сомонӣ).
Рамазон Раҳимзода соли гузашта гуфта буд, ки тасмими нобуд кардани мошинҳо ба далели теъдоди зиёди мошинҳои кӯҳна дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Қаблан “Азия-Плюс” бо такя ба БДА хабар дода буд, ки чунин пардохт барои соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори ҳукумат аз моҳи декабри соли 2023 ҷорӣ шуда буд.
Он замони Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон гуфта буд, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.
Зимнан, дирӯз, 12-уми феврал Хадамоти гумрук хабар дод, ки пешниҳод шудааст, ки тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, тағйир ёбад ва ба уҳди ин ниҳод гузошта шавад. Яъне ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки ин маблағ ҳангоми воридоти автомобил ситонида шавад, на дар вақти бақайдгирии он.
Ҳамчунин, ҳаҷми маблағ барои нобудсозӣ ҳам дар ҳоли баррасӣ аст.
Бояд гуфт, пардохти нави ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар дар ҳолест, ки ҳамасола соҳибони мошинҳо барои аз қайд гузаштан дар БДА садҳо сомонӣ пардохт мекунанд. Ин пардохтҳо аз экология то суғуртаву андози роҳ ва дигар санадҳоро дар бар мегирад.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста