Аз 5 сентябр дар Қирғизистон тартиби нави бақайдгирӣ барои шаҳрвандони 8 кишвар бо реҷаи бидуни раводид мавриди амал қарор мегирад. Ин кишварҳо Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Молдова зикр шудаанд, хабар медиҳад Вазорати рушди рақамии Қирғизистон.

Тартиби нав бо қарори Девони вазирони ҷумҳурӣ “Дар бораи масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Қирғизистон” аз 31 июли соли 2024 тасдиқ шудааст.

Аз ин пас бақайдгирии шаҳрвандони кишварҳои зикршуда, ки бо ҳадафҳои шахсӣ омадаанду сафарашон ба кор, таҳсил, фаъолияти соҳибкорӣ марбут нест, ба муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ анҷом дода мешавад. Дар сурати аз ин муҳлат зиёдтар ҳузур доштани онҳо дар ҷумҳурӣ, ҳуҷҷате, ки барои будубош дар Қирғизистон ҳуқуқ медиҳад, барои дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ асос шуда метавонад. Чунин ҳуҷҷатҳо 4-тоанд:

- ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Қирғизистон;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ;

- шаҳодатномаи «Кайрилман»;

- шаҳодатномаи «Мекен-карт».

Шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан метавонистанд дар Қирғизистон ба муддати 6 моҳ бо ҳуқуқи тамдиди минбаъда вобаста ба мақсад ҳузур ба қайд гирифта шаванд.

Вазорати рушди рақамӣ ёдрас мекунад, ки тибқи қонунгузорӣ, аз рӯзи ворид шудан ба қаламрави Қирғизистон, тоҷикистониён аз қайди ҳатмӣ ба муҳлати 60 рӯз озод мешаванд.

Мувофиқи қоидаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Молдова метавонанд бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар маҷмӯъ то 60 рӯз дар давоми ҳар 120 рӯзи тақвимӣ дар кишвар бимонанд. Пас аз гузаштани 60 рӯзи будубош дар Қирғизистон, афроде, ки ба қайд гирифта нашудаанд, вазифадоранд, ки қаламрави ҷумҳуриро тарк кунанд ва дубора танҳо пас аз 60 рӯзи тақвимӣ ворид шуданашон мумкин аст.

Инчунин, дар қарор бақайдгирӣ ва додани Ҳуҷҷати иҷозаи зисти муваққатӣ дар давоми 15 рӯзи корӣ ба мӯҳлати 1 сол ва минбаъд ҳар сол тамдиди он, аммо на зиёдтар аз 5 сол пешбинӣ шудааст.

Бо масъалаи анҷоми расмиёти гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист ба ҳамаи воҳидҳои минтақавии Департаменти бақайдгирии аҳолии назди Вазорати рушди рақамии Қирғизистон ё Маркази хидматрасонӣ ба аҳолӣ муроҷиат кардан мумкин аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2021 пас аз низои хунини марзӣ Қирғизистон сарҳади худро бо Тоҷикистон яктарафа ҳам барои равуои нақлиёт ва ҳам шаҳрвандони мо баст. Мақомоти ин кишвар эълон карданд, ки сарҳад танҳо баъди ба анҷом расидани ҷараёни аломатгузории он боз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.