Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар шаҳри Токио тасмим гирифта шуд, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан ҳазф карда шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҳудуди як моҳ пеш соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов президенти Анҷумани байнулмилалии бокс (AIBA) интихоб гашт. Номи Раҳимов дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи ИМА қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир, КБО зидди Анҷумани байнулмилалии бокс тафтишотро оғоз карда, тасмими ниҳоӣ пас аз эъломи натоиҷи он гирифта хоҳад шуд. Як гурӯҳ аз Кумитаи иҷроияи КБО ба раҳбарии Ненад Лалович фаъолияти AIBA-ро месанҷанд.

Ба гуфтаи нозирони мустақил, эҳтимол аст, AIBA аз узвияти КБО хориҷ шуда, бокс мақоми олимпии худро аз даст диҳад.

Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.