Дар мотодроми Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ Чемпионати Тоҷикистон оид ба мотокросс (пойгаи мотосиклронӣ) доир гардид.

Ин мусобиқаи ҷумҳуривӣ бо ибтикори Ташкилоти мусоидат ба мудофиаи ҷумҳурӣ дар теппаҳои наздикии деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Дар мусобиқа мотосиклронон аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ ва Восеъ дар дучархаҳои дараҷаи 125, 250, 350 ва 500 сантиметри мукааб ширкат варзида, дар дараҷаи 250 сантиметри мукааб намояндаи Душанбе Эраҷ Боев ғолибият ба даст овард.

Дар дараҷаҳои дигар инҳо ғолиб омаданд: Зариф Сайфов (125 см. мукааб Душанбе), Файзиддин Олимов (Чезет, Душанбе), Тоир Худойбердиев (500 см. Мук., Леваканд).

Дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро намояндагони шаҳри Душанбе, мақоми дуюмро варзишгарони шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро мотосиклронони шаҳри Леваканд касб карданд.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо диплому ҷомҳои созмондиҳандагони мусобиқа, ҳамчунин ҷоизаҳои сарпрасти мусобиқа – ҶДММ “Антарес” – намояндаи ширкати «Liqui Moly» дар Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.