Бошгоҳи футболи «Челси» ба вазифаи сармураббии ин даста интихоб гардидани Френк Лемпардро эълон дошт. Шартнома бо ӯ ба мӯҳлати се сол имзо шудааст.

Ҷонибҳо баъди музокироти 6-соата, ки бегоҳи рӯзи гузашта анҷом ёфт, дар ин хусус  ба созиш расиданд, менависад Sports.ru.

Мураббии 41-солаи англис дар ин вазифа Мауритсио Сарриро, ки дастаро аз соли 2018 саробонӣ мекард, иваз намуд. Таҳти роҳнамоии мураббии итолиёвӣ «кабудҳо» дар қаҳрамонии Англия мақоми саввумро касб намуда, ҳамчунин бо ғолиб омадан дар бозии даври ниҳоӣ бар дастаи «Арсенал» (4:1), барандаи Лигаи Аврупо шуданд.

Сарри рӯзи 16 июн аз вазифаи мураббигии аввали  «Челси» ба вазифаи монанд ба дастаи «Ювентус» гузашт.

Лемпард дар мавсими гузашта «Дерби Каунти»-ро то ба даври плей-оффи “чемпионшип” роҳнамоӣ карда, вале дар марҳалаи баъдӣ роҳхатро ба «Астон Вилле» тақдим кард.

Ёдовар мешавем, ки  аз соли 2001 то 2014 Лемпард дар ҳайати дастаи “Челси”ба ҳайси бозингар 648 бозӣ анҷом дода, ба задани 211 гол ва ҳамин тариқ, ба унвони беҳтарин нишонзан дар таърихи  даста шарафёб гардидааст.