Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Урдун ҷараён дорад, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ба пирӯзии дуюм ноил шуд. Футболбозони навраси точик дар даври сеюм ба дарвозаи мунтахаби Қувайт 9 голи беҷавоб заданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати даста Кабир Салимшоев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода 2-голӣ ба ҳадаф расониданд. Муҳаммадворис Саидалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов ва Хусрав Тоиров муаллифони голҳои дигар мебошанд. Боз як тӯбро футболбозони Қувайт ба дарвозаи худ равон карданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мизбонони мусобиқаи интихобӣ - мунтахаби Урдун дастаи Шри-Ланкаро бо ҳисоби калони 7 бар 0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз се давр мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун бо касби 6-имтиёзӣ пешсафи гурӯҳи “А” мебошанд.

Рӯзи ҷумъа, 20-уми сентябр дар даври чоруми ин мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Непал бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Тими Урдун бо Қувайт вомехӯрад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа 11 ғолиби гурӯҳҳо ва ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини зинаҳои дуюми гурӯҳҳо ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.