Қаҳрамони имрӯзаи лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” Шоира Зулқайнарова мебошад, ки ҳамагӣ 24-солаву аллакай қариб нисфи умраш бо варзиш машғул аст.

Ӯ ба машғулиятҳои варзишӣ пардохтааст, то ки аз худ ҳимоя карда тавонад. Дастовардҳои назаррас ҳам дорад ва соҳиби медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс аст. Ӯ мегӯяд, бохтҳо рӯҳияи ӯро қавитар месозанд.

Дар доираи лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” мо дар бораи варзишгарони маъруфтарин ва ҳадафманд, инчунин шахсоне, ки ба ояндаи пурифтихори варзиши тоҷик умедворӣ мебахшанд, маълумот хоҳем дод. Ҳамаи онҳо ифтихори халқу кишваранд. Ба онҳо нигариста, хитоб мекунем: “Тоҷикистон, ба пеш!”.

Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” ширкати букмекерии Tennisi.Tj мебошад.

Шарикони лоиҳа: шабакаи ломбардҳо (гаравхонаҳо)-и Normandika ва ширкати истеҳсоли оби нӯшокии Anatis.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.